• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти кормандони милитсияи пойтахт бо сокинони деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ва деҳаҳои Баҳор ва Абдулоободи шаҳри Ваҳдат
Мулоқоти кормандони милитсияи пойтахт бо сокинони деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ва деҳаҳои Баҳор ва Абдулоободи шаҳри Ваҳдат

Мулоқоти кормандони милитсияи пойтахт бо сокинони деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб ва деҳаҳои Баҳор ва Абдулоободи шаҳри Ваҳдат

  Дар доираи нақшаи тасдиқ намудаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сил сила мулоқт ва вохуриҳои судманди кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута бо сокинони маҳаллаҳои атроф ва наздик ба шаҳри Душанбе доир гардида истодааст.
  Аз ҷумла, чунин мулоқоти судманд бо сокинони деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб доир гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло, муовини раиси ноҳияи мазкур Шерзода Бахтиёр ширкат намуданд.


  Зимни вохурӣ ба сокинони деҳаи Шодоб доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардию талбандагии наврасон, ба таҳсилу омӯзиш фаро гирифтани онҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ба ин тартиб гузоштани саҳми шоиста дар пешрафту шукуфоии кишвар суханронӣ гардид.


  Таъкид карда шуд, ки мутаассифона баъзе аз шаҳрвандон, махсусан падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин боис мегардад фарзандони онҳо даст ба амалҳои ношоям зада, номи худ ва пайвандонашонро доғдор месозанд. Ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои нанговар, ҳар як нафар бузургсол, махсусан он нафароне, ки дар тарбияи фарзандон масъуланд мебояд, ба масъалаи тарбияи фарзандони худ аҳамияти аввалиндараҷа дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба беҳудагардӣ гузаронанд.
  Масъалаи дигаре, ки зимни мулоқоти мазкур баррасӣ гардид, ин пешгири ҷалби наврасон ба иҷрои корҳои вазнину душвор ва истифодаи қувваи ҷисмонии онҳо ба талбандагиву оворагардӣ мебошад, ки аз ҷониби шаҳрвандон низ ҳаммовозӣ пайдо намуд.


  Қобили зикр аст, ки чунин вохурӣ бо сокинони деҳаҳои Баҳор ва Абдулоободи шаҳри Ваҳдат низ доир гардид.
  Баргузории чунин мулоқот бо сокинони дигар деҳаҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin