Семинар машварат: тақвиятёбии ҳамкории милитсияи бо ҷомеа

Семинар машварат: тақвиятёбии ҳамкории милитсияи бо ҷомеа

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар шахсони масъул семинар машварат оид ба “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” баргузор гардид.


  Зимни ифтитоҳи семинар, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло зикр намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ва силсила вохуриҳо бо шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом метавонад то андозае ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, мусоидат намояд.


  Ҳамзамон, дар идомаи семинар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, Шонадирзода Шоҳусейн, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Ёров Давлат ва дигар ширкаткунандагон оид ба масъалаҳои гуногун, ки ҳамкории милитсияро бо ҷомеа густариш медиҳанд, маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Инчунин дар қисмати дигари семинар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, талабот ва меъёрҳои он ба ҳозирин фаҳмонида шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin