Баргузории қабули сайёр дар бозори «Корвон»

Баргузории қабули сайёр дар бозори «Корвон»

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия, имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ бо шаҳрвандон мулоқот намуда, арзу шикоят ва пешниҳоду муроҷиатҳои онҳоро қабул намуданд.


  Аз ҷумла, кормандони милитсия дар бозори «Корвон» зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, риояи ҳатмии муқаррарот ва талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ба тозагӣ риоя намудан ва саҳм гузоштан дар иқдомҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суҳбат намуданд.


  Ҳамзамон, шаҳрвандон низ бо мақсади бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди бозори «Корвон», савдои молу маҳсулот дар ҷойҳои номуқаррагардида ва муносибату муоширати баодобонаи шаҳрвандон миёни ҳамдигар таклифу пешниҳодҳои муфид намуданд. Инчунин аз шаҳрвандон низ даъват ба амал оварда шуд, ки бетарафиро ихтиёр накарда, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми худро гузоранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin