Мусоидати шаҳрвандон барои ошкор намудани ҷинояти одамрабоӣ

Мусоидати шаҳрвандон барои ошкор намудани ҷинояти одамрабоӣ

  Муҳтарам шаҳрвандон ва ҳамдиёрони азиз, 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Хюндай-Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.
  Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.
Касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.
  Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон дар Вазорати корҳои дохилӣ утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 пайваст ба барномаҳои интернетии: WhatsApp, Viber, Imo, Telegram, суроғаи электронӣ: toj.100@mail.ru созмон дода шудааст.
  Шаҳрвандон метавонанд бо боварӣ ҳамкории худро бо ҳамин утоқи махсуси электронӣ ба роҳ монанд.
Рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ: +992-888-55-11-11 пайваст ба барномаҳои месенҷерии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin