• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт гардидани марди 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Боздошт гардидани марди 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Боздошт гардидани марди 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми июли соли 2023, тахминан соати 12:00 дар кӯчаи Ғ.Завкибеков шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти писари ноболиғи 13-солааш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратғарӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin