• Home »
  • ХАБАР »
  • 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузорӣ ва тартибу низоми шаҳрвандиву шаҳрдорӣ камоли одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад. Мутаассифона баъзе аз афроди каҷрафтор, бо амалу кирдори худ боиси халалдор гаштани тартибот ва оромии шаҳрвандон мегарданд.
  Аз ҷумла, санан 15 июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 12:30 дақиқа шаҳрванд Файзуллоев Ҳокимҷон Пардаевич, санаи таваллудаш 20.05.1995, истиқоматкунанда шаҳри Душанбе, маҳаллаи Пахтакор, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштан тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ҳамзамон бо садои баланд доду фарёд намуда, дар баробари ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накардан, ҳамзамон боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандону атрофиён гаштааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Файзуллоев Ҳокимҷон Пардаевич тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд.
  Зимни баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, Файзуллоев Ҳокимҷон худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳгор шуморида, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд. Бо назардошти ҳолати мазкур аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin