Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: Бигзор хотира гӯяд!

Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: Бигзор хотира гӯяд!

  Маҳфили навбатии «Маърифати Ватандӯстӣ», ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба солгарди ҷанговарони башардӯст бахшида шуд. Дар ин мулоқот собиқ мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амният ва мудофиа-Зафар Икромов, собиқадорон, ҷанговарони башардӯст ва роҳбарияту ҳайати шахсии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Муовини сардори Равёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полконики милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар қатори кормандони даҳҳо мақомоти салоҳиятдор, намояндагони мақомоти милитсия низ барои расонидани кӯмакҳои амалӣ ва фаврӣ ба хоки Афғонистон сафарбар карда шуданд. Кормандони ботаҷрибаи милитсияи тоҷик вазифа ва уҳдадориҳои башардӯстонаи худро дар сатҳи лозимӣ иҷро намуда, ба унвонҳои олӣ низ мушарраф гардидаанд. Ҳамзамон баъд аз адои хизмат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини осоиштаҳолии шаҳрвандон саҳми арзишманди худро гузоштаанд. Имрӯз таҷрибаи корӣ ва маҳорату малакаи онҳо мактаби бузурги мардонагиву далерӣ барои кормандони ҷавон маҳсуб меёбад.


  Дар ҷараёни мулоқот собиқ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Зафар Икромов оид ба хотироти худ ҳангоми иштирок дар амалиётҳои махсуси озодкунии гаравгонҳо дар Афғонистон, далериву мардонагӣ ва шуҷоатмандии каҳрамонони башардӯст ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва бунёди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, кормандони ҷавони мақомоти милитсияро ба садоқатмандиву меҳанпарастӣ даъват намуд.
  Воқеан, ҷоннисориҳои мардони шуҷоъи меҳан баҳри тантанаи адолату таъмини сулҳу субот ва иштироки онҳо дар амалиётҳои махсус дарси ибрат ва мактаби бузурге баҳри тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба шумор меравад.


  Кормандон – башардӯсти милитсияи тоҷик аксаран дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва пешгирии амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок талош намудаанд. Онҳо як қатор чорабиниҳои мубрамро аз тариқи бозсозии фаъолияти шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, татбиқ намудани шаклу шеваи нави кор дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод ва амалӣ намуданд, ки он ба пешравию манфиати давлату миллатанд. Ҳар як вохӯрии башардӯстони милитсия бо хонандагон, ҷавонон, наврасон, хотироти қаҳрамононаи онҳо, дӯстию рафоқат ва бародарии сарбозӣ дар чунин лаҳзаҳои муҳим, дар тарбияи минбаъдаи насли наврас ва ташаккул ёфтани онҳо аҳамияти беандоза муҳим доранд.


  Дар қисмати дигари маҳфил раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи пойтахт, полковники мустаъфӣ Неъматов Раҳматшо оид ба фаъолият ва ҷоннисории марҳум Шамсов Абдухолиқ суханронӣ намуд. Қобили зикр аст, ки Шамсов Абдухолиқ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳайси корманди фаврӣ фаъолият намуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, 14-уми феврали соли 1999 аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадастон ба шаҳодат расонида шудааст.
  Воқеан ин сулҳу субот ва осоиштаҳолӣ осон ба даст наомада, садҳо ҷавонони ҷасури миллати тоҷик ҷоннисориҳо кардаанд. Вобаста ба ин насли ҷавони имӯзи миллати тоҷикро мебояд баҳри пойдор нигоҳ доштани неъмати бебаҳои оромиву субот талош намуда, баҳри тараққиёт ва пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin