Ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ

Ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ

  Ташкили пойгаҳи ғайриқонунӣ пеш аз ҳама ба ҳаёт ва саломатии худи ронандагон хатарнок буда, метавонад дар оқибат ба ҳодисаҳои фалокатбор анҷом ёбад.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар асоси навори ирсол намудаи як нафар шаҳрванд, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш, 0402NE01, Исмоилов Холбой Исмоилович, санаи таваллудаш 21.05.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак

ва ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди транзитиаш, К9111А01, Ҳакимҷонов Рамзиёр Парвизович, санаи таваллудаш 28.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоиро боздошт намуданд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 21:15 дақиқа дар назди майдони «Истиқлол» пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудаанд. Ҳамзамон номбурдагон ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, воситаи нақлиёти худро яку якбора аз ҷой бо суръати баланд ба ҳаракат дароварда, ба истилоҳ «Кокс» ва «Дрифт» намудаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон барои ташкил намудани пойгаҳи ғайриқонунӣ тибқи талаботи моддаи 326 иловаи-1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin