• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе

  Имрӯз дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  Дар кори ҷаласа роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе, милитсияи пойтахт, мақомоти гумрук, андоз, амният, сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе аз қабили маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок доштанд.


  Дар асоси нақшаи тасдиқ гардида, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан содир намудани ҷиноят аз ҷониби наврасону ҷавонон, санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти вазъи ошкору пешгирӣ ва таҷрибаи тафтишотию судии ҷиноятҳо марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар давраи соли 2023 ва се моҳи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


  Бо қарори Шӯро ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin