• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошти ронандаи “Тайота-Камрӣ” барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия
Боздошти ронандаи “Тайота-Камрӣ” барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия

Боздошти ронандаи “Тайота-Камрӣ” барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия

  Санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 12:20 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камрӣ”, рақамҳои қайди давлатиаш 0302СК01, ба талаботи қонунии кормандони бозрасӣ, ки дар кӯчаи Изатулло Ҳаёеви ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияи хизматӣ машғул буданд, итоат накарда, ҳамзамон тавассути қисмати пеши нақлиёти худ корманди бозрасиро як чанд метр кашола намуда, фирор кардааст.
  Муносибати дағалона ва рафтори ноҷавонмардонаи ронандаи мазкур аз ҷониби як шаҳрванд ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр гардидааст, ки боиси ба миён омадани вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.
  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камрӣ”, рақамҳои қайди давлатиаш 0302СК01, шаҳрванд Исматзода Файзалӣ Зубайдулло, санаи таваллудаш 09.11.1992 мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карада шуд.


  Айни замон, воситаи нақлиёти номбурда дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбати ронанда-Исматзода Файзалӣ тибқи талаботи моддаи 329-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin