Ҷаримабандии ронандаи «Порше» барои рӯйпуш намудани нақлиёт бо плёнкаи махсус

Ҷаримабандии ронандаи «Порше» барои рӯйпуш намудани нақлиёт бо плёнкаи махсус

  Истифода ва насби ҳама гуна дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳандаву садодиҳанда ва рангу бори ғайристандартӣ, ки танҳо барои воситаҳои нақлиёти махсус нигаронида шудааст, дар автомашинаҳои шахсӣ қатъиян манъ аст. Мутаассифона баъзе аз ҷавонон танҳо бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарият нисбат ба дигарон дар нақлиёти худ дастгоҳҳои садодиҳандаву равшанидиҳанда ва плёнкаҳои махсусро насб намуда, бо ин тартиб меъёру талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд.


  Аз ҷумла, ронандаи автомашинаи тамғаи «Порше», рақами қайди давлатиаш 0070ON01, шаҳрванд Юсуфов Исфандиёр Абдуқаҳҳорович, соли таваллудаш 13.08.1987, истқоматкунандаи ноҳияи Нуробод бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, нақлиёти худро бо плёнкаи махсус рӯйпуш намудааст.


  Ин амали номбурда аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ошкор карда шуда, нақлиёт ва худи ронанда ба майдончаи ҷаримавӣ дастрас карда шуд.
  Дар натиҷа нисбати ронанда-Юсуфов Исфандиёр протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолати қоидавайронкунӣ пурра бартараф карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin