Бартарафсозии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ

Бартарафсозии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ

  Тавақкуфи нодуруст, дар қатори дуюми сеюми роҳ фаровардану савор намудани мусофирон ва дуру дароз дар дохили истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бозистодани ронандагони воситаҳои нақлиёт дар бештари маврид боиси ба миён омадани тамбашавии роҳҳо мегардад. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ҷиҳати бартарафсозии қоидавайронкуниҳои зикргардида ба таври ҳамешагӣ рейду амалиётҳои санҷиширо дар роҳҳои мошингарди пойтахт баргузор менамоянд, то ҳамлу нақли бехатари мусофирон ба роҳ монда шавад.
  Аз ҷумла, дар ҷараёни баргузории санҷиши навбатӣ танҳо дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур далелҳои зиёди қоидавайронкунӣ ошкор карда шуда, нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

 Расми якчанд қоидавайронкуниҳои дар ҷараёни рейд ошкоршуда:

Қурбонов Алишер Гулматович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 1319 ТТ 09;


Маҳмадиев Рӯзӣ Сангалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 1973 ТТ 08;


Нозиров Миралӣ Тоҷиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 2152 ТТ 09;


Иноятов Мансур Абдулҳафизович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте» рақами қайди давлатиаш 2232 ТТ 09.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin