• Home »
  • ХАБАР »
  • Муҷозоти ду ҷавон барои муноқиша ва кирдорҳои авбошона (Видео)
Муҷозоти ду ҷавон барои муноқиша ва кирдорҳои авбошона (Видео)

Муҷозоти ду ҷавон барои муноқиша ва кирдорҳои авбошона (Видео)

  Санаи 20-уми июли соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он саҳнаи муноқишаи 2 нафар ҷавонон дар назди тарабхонаи «Клеопатра» инъикос ёфтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур тақрибан як моҳ пеш, аниктараш санаи 19-уми июни соли равон, тахминан соатхои 01:00 дақиқаи шабона дар назди тарабхонаи «Клеопатра» воқеъ дар кӯчаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯх дода, нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст.


  Аз ҷумла барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбати атрофиён шаҳрвандон;
-Баротов Фирӯз Ҷамолович, соли таваллудаш 14. 11. 1992. зодаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Кадучӣ;


-Саидов Сулаймон Сайбурҳонович, соли таваллудаш 11. 10. 1994, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки дар таърихи мазкур шаҳрвандон Баротов Фирӯз ва Саидов Сулаймон дар ҳолати мастӣ дар назди тарабхонаи «Клеопатра» байни ҳамдигар муноқиша намуда, якдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҳарду парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати ҳар кадоме ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin