• Home »
  • ХАБАР »
  • Муайян ва ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ
Муайян ва ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ

Муайян ва ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2017 ҳангоми дар кӯчаи А.Навоии пойтахт қарор доштанаш, марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. 
  Номбурда моҳи июни соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор даромада, қитъаи замини дар масоҳати 0,03-гектарро, ки қаблан ба марди 48-солаи сокини ҷамоати мазкур ба маблағи 11000-доллари амрикоӣ фурӯхта буд, дуюмбора ба зани номбурда ба маблағи 63 ҳазору 900-сомонӣ фурӯхта, ба ӯ зарари калони моддӣ расонидааст. 
  Нисбати марди номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin