Н И З О М Н О М А

Бо Фармони ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 31 майи соли 2005,
№ 331 тасдиқ шудааст.

Н И З О М Н О М А
дар бораи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I.Муқаррароти умумӣ

1. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раёсати БДА) воҳиди алоҳидаи сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти махсуси назоратӣ, нозиротӣ, иҷозатдиҳӣ ва фармоишгариро дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамояд.
2. Раёсати БДА дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома инчунин асноди ҳуқуқии байналхалиқии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.
3. Раёсати БДА дар ҳамкории мутақобила бо дигар хизматҳои соҳавии ВКД, Раёсату Шӯъбаҳои корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Бозрасии ҳарбии автомобилӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист вобастагӣ дорад, фаъолият менамояд.
4. Сохтор ва штатҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилиро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
5. Сардори Раёсати БДА ва муовинони ӯро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа Сарнозири давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ бошанд, муовини сарнозири давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сардорони Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа мутобиқан сарнозири давлатии автомобилии вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва муовинони онҳо, муовини сарнозири давлатии автомобилии вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
6. Ба Раёсати БДА Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодабарӣ тобеъ мебошад.
Дар тобеияти фаврии Раёсати БДА Шӯъбаву бахшҳо ва гурӯҳҳои Бозрасии давлатии автомобилии РКД, ШКД вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Бо тартиби муқарраршуда дар ҳайати Раёсати БДА метавонанд ҷузъу томҳои дигар низ ташкил карда шаванд.
7. Раёсати БДА шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳри нишондор бо номи худ мебошад.

II. Мақсад ва вазифаҳои асосии Раёсати БДА

Вазифаи асосии Раёсати БДА ин, таъмини риояи талаботи меъёрҳои дар соҳаи ҳаракати роҳ амалкунандае, ки ба таъмини бехатарии он алоқаманд мебошад, инчунин назорати давлатӣ нисбат ба риояи меъёрҳои муқарраршудаи партовҳои заҳрнок ба ҳаво ва сатҳи садои барои воситаҳои нақлиёт муқарраршуда мебошанд.
8. Раёсати БДА дар рафти иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:
– дар доираи салоҳияти худ ба мақомоти поёнии БДА роҳбарӣ намуда, аз болои фаъолияти онҳо назорат мебарад;
– лоиҳаи фармонҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёриро доир ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти БДА таҳия намуда, дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ, қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳои вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист иштирок карда, аз болои иҷроиши онҳо назорат мебарад;
– аз болои фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шахсони мансабдор, шаҳрвандон, доир ба иҷроиши талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист назорат мебарад;
– оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияташ дохил мешаванд, ба вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, оид ба бартараф намудани қоидавайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардида дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ ва риояи меъёрҳо, вобаста ба ихроҷҳо ба ҳаво ва сатҳи садои барои воситаҳои нақлиёт муқарраршуда, бо муайян намудани мӯҳлатҳо доир ба пешниҳод намудани ахборот аз натиҷаи чораҳои андешидашуда амрномаҳо барои иҷроиши ҳатмӣ медиҳад;
– баҳри баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, такмил додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ пешниҳодот таҳия менамояд;
– дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои дахлдор ва муассисаҳои илмӣ дар муайян намудани мавзeъҳо ва самтҳои афзалиятноки илмӣ-тадқиқотӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, иштирок менамояд;
– тибқи тартиби муқарраршуда дар кори ташкилотҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои Давлатҳои муштаракулманофеъ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳое, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созишномаҳои байналхалқӣ ва Созишномаҳо бо Давлатҳои муштаракулманофеъ доир ба ин масъалаҳо бармеоянд, иштирок менамояд;
– бо тартиби муқарраршуда машваратҳои умумиҷумҳуриявӣ, ҷамъомадҳо, семинарҳо ва конференсияҳо доир ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ҳифзи муҳити зист, мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ, инчунин такмили фаъолияти воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилиро ташкил карда мегузаронад, оид ба ҳамин масъалаҳо шарҳҳо ва дигар маводҳо таҳия менамояд;
– таҷрибаи ватанӣ ва хориҷии мубориза бар зидди садаманокӣ дар нақлиёти автомобилиро омўхта, онро ҷамъбаст ва паҳн менамояд;
– ҳамкории дастгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилиро бо дигар мақомоти корҳои дохилии маҳаллӣ ҷиҳати доир таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист ташкил менамояд;
– бақайдгирӣ ва таҳлили садамаҳои нақлиётӣ, вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мототсиклҳои бо тартиби муқарраргардида ба қайди БДА гирифташуда, натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилиро мунтазам ба роҳ мемонад;
– амалӣ намудани фаъолияти қонунгузориро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист, вобаста бо нақлиёти автомобилӣ ҷамъбаст карда, оид ба дуруст татбиқ намудани ин қонунгузорӣ чораҳо меандешад ва бо мақсади мукаммал намудани он пешниҳодот таҳия менамояд;
– риояи қонуниятро дар фаъолияти амалӣ-маъмурии мақомоти поёнии БДА ва ҳолати корро оид ба қабул ва бақайдгирии ахборот вобаста ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо назорат мекунад;
– истеҳсолоти таҳқиқотии парвандаҳоро доир ба садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби дасгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ, инчунин бо шакли протоколӣ тайёрии пешазсудии маводҳоро, назорат мекунад;
– бо истифода аз қувваву воситаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ, назоратро аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, ошкор ва пешгирӣ намудани вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист, ташкил ва амалӣ менамояд;
– назоратро аз рӯи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншооти роҳ ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, оид ба ҳолати бехатарӣ ҷавобгӯ будани онҳо, таҷҳизонидани кӯчаву роҳҳо бо воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҷойгир намудани рекламаи берунӣ дар воситаҳои нақлиёт ва кӯчаву роҳҳо, иҷро намудани талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру сохтмонӣ дар кӯчаву роҳҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ташкил менамояд;
– назоратро аз болои риояи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳо ва кўчаҳо доир ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил намуда, дар қабул ва ба истифода додани онҳо иштирок мекунад ва дар асоси омӯзиши лоиҳаҳои сохтмон ва азнавсозии роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидошта хулосаҳо медиҳад;
– ташкил ва муоинаи маҷмӯии ҳолати техникӣ ва сифати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро интихобан мегузаронад, бо мақсади такмили шароитҳои ҳаракат дар онҳо чораҳо меандешад;
– назоратро аз болои ҳолати техникии нақлиёти автомобилӣ ва мототсиклҳо, инчунин аз муоинаи техникии давлатӣ гузаронидани онҳо, ташкил менамояд;
– назоратро аз рӯи риояи меъёрҳо ва стандартҳое, ки ба бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тааллуқ доранд, инчунин меъёрҳои ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳаво ва сатҳи садои барои воситаҳои нақлиёт муқарраршуда, дар кадом сатҳ қарор доштани таҳияи супориш ва шартҳои техникӣ, озмоиш ва қабули намунаҳои воситаҳои нақлиёти истеҳсоли саноатиро ташкил менамояд;
-иҷозатдиҳии намудҳои навъи азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт баъди хулосаи комиссияи техникии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсири он ба бехатарии ҳаракат дар роҳ анҷом дода мешавад.
– тартиби додани ҳуқуқро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт амалӣ ва назорати онро таъмин менамояд;
– намунаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, варақаҳои шаҳодатномаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, варақ-ҳисобҳо ва варақаҳои дигари ҳисоботи қатъиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод карда, истеҳсолоти онҳоро иҷозат медиҳад;
– чорабиниҳоро оид ба тарғиби ҳуқуқӣ дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ ва амнияти ҷамъиятӣ дар нақлиёти автомобилӣ, аз он ҷумла, бо истифода аз васоити ахбори умум, ташвиқоти айёнӣ ва даҳонӣ амалӣ менамояд;
– ҳамкории Бозрасии давлатии автомобилиро бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, доир ба масъалаҳои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ташкил менамояд;
– ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва шахсони алоҳида, вобаста ба фаъолияти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, хизматҳои пулакӣ мерасонад, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида;
– дар якҷоягӣ бо Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиёҷ ба кадрҳоро дар дасгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ омӯхта, курсҳои тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси онҳоро ташкил менамояд;
– оид ба муайян намудани вохидҳои штатӣ ва сохтори дасгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ пешниҳодот тайёр менамояд, қабул ва ҷобаҷогузории ҳайати шахсии Раёсати БДА ва воҳидҳои тобеъи онро амалӣ менамояд;
– ҳолати корҳои тарбиявӣ-инфиродиро дар ҷойҳо таҳлил намуда, оид ба бехтар намудани ин корҳо чорабиниҳо таҳия менамояд;
– аз болои хизмат, риояи интизом ва қонуният дар дастгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ гузаронидани санҷишҳои ошкоро ва пинҳониро ташкил намуда, оид ба мустаҳкамкунии интизом ва қонуният дигар чорабиниҳоро амалӣ мегардонад;
– мактубҳо, шикоятҳо ва аризаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин вобаста ба фаъолияти дасгоҳҳо ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ баррасӣ намуда, баррасии саривақтӣ ва сифатноки онҳоро назорат мекунад, оид ба бартараф намудани камбудиҳои дар мактубҳо овардашуда чораҳо меандешад;
– аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва малакаи ронандагии воситаҳои нақлиёт имтиҳонот гирифта, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт шаҳодатномаҳои ронандагӣ медиҳад;
– воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, мототсиклҳо ва ядакҳои онҳоро ба қайд гирифта, ба онҳо ҳуҷҷатҳо ва аломатҳои бақайдгирии давлатӣ медиҳад;
– дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ иштирок менамояд;
– дар якҷоягӣ бо дигар хизматҳои мақомоти корхои дохилӣ супоришҳои муфаттишонро оид ба кофтукови ронандагоне, ки аз ҷойҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ғайб задаанд ва воситаҳои нақлиёти дуздидаву рабудашуда, иҷро менамояд;
– мушоияти воситаҳои нақлиётро бо тартиби муқарраршуда, аз он ҷумла дар асоси шартномаҳо, ташкил ва амалӣ менамояд;
– мунтазам номгўи хизматрасониҳои пулакии Бозрасии давлатии автомобилӣ, тарифи меъёрии ин намуди хизматрасониро таҳия ва бо мақомоти салохиятдор мувофиқа менамояд;
– тафтиши фаъолияти хоҷагӣ-молиявии воҳидҳои поёниро ташкил ва амалӣ менамояд;

III. Асосхои ташкили фаъолияти БДА

9. Фаъолияти Раёсати БДА дар асоси яккасардорӣ дар ҳалли масъалаҳои роҳбарӣ аз болои хизмат, бо муқаррар намудани ҷавобгарии шахсии хар як корманд, аз болои ҳолати кор, дар қитъаи вобасташудааш ва иҷрои супоришҳои муайян ташкил карда мешавад;
10. Асосҳои ташкили фаъолияти Раёсати БДА, барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошанд;
Нақшаҳои кории воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раёсати БДА-ро баъди аз ҷониби роҳбарони ин воҳидҳо пешниҳод намудан, сардори Раёсати БДА, ё муовинони ё тасдиқ менамоянд;
11. Ҳуҷҷатгузорӣ дар Раёсати БДА мустақилона дар асоси санадҳои меъёрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад;

IV. Ҳуқуқҳо ва масъулияти сардори Раёсати БДА.

12. Сардори Раёсати БДА барои ташкили фаъолияти Раёсати БДА, иҷроиши вазифаҳои ба зиммаи РБДА вогузошта шахсан ҷавобгар буда, дараҷаи масъулияти муовинони худ, инчунин вазифаҳои шўъбаҳо, бахшҳо ва дигар воҳидҳои сохтории БДА-ро муайян менамояд.
13. Сардори Раёсати БДА бо тартиботи муқарраршуда, дар доираи салоҳияти худ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ташкилотҳои байналхалқӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ муаррифӣ менамояд.
14. Сардори Раёсати БДА бо тартиботи муқарраршуда ва дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:
– фармонҳо, фармоишҳо, шарҳҳо интишор намуда, оид ба масъалаҳои фаъолияти дастгоҳ ва воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дастурҳои методии иҷроишашон ҳатмӣ диҳад, аз РКД, ШКД вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ маводҳо ва ахбороти заруриро барои ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсати БДА дохил мешавад, дархост намояд;
– фармоиш ва супоришҳои аз тарафи сардорони воҳидҳои поёнӣ додашударо, ки ба қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатгузории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур мухолифат мекунанд, бекор намояд;
– ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намояд, маблағҳои ба Раёсати БДА ҷудошуда ва маводҳои қимматноки дар Раёсати БДА мавҷударо истифода барад, шартномаҳо бандад, ваколатномаҳо диҳад;
– бо тартиби муқарраршуда маводҳои қимматнокеро, ки ба воситаҳои асосӣ мансубанд, аз ҳисоб барорад;
– дар доираи ҳуқуқҳои худ оид ба зарарҳои расонидашуда, норасогӣ (камбудӣ) гум шудани маводҳои қимматнок ва маблагҳои пулӣ, қарор қабул намуда, оиди ин масъалаҳо ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
– маблағҳои воситаҳои буҷавӣ ва маблағҳои аз хизматрасониҳои пулакӣ воридшудае, ки мувофиқи сметаи хароҷотҳо ҷудо шудаанд, тақсим намояд.
– кормандони Раёсати БДА ва воҳидҳои тобеъро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳои хизматӣ равон намуда, ба онҳо рухсатии мехнатӣ пешниҳод намояд;
– мутобиқи ойинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва қонунгузории меҳнат, оид ба сарфарозгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва хизматчиёни Раёсати БДА, дастгоҳҳо ва воҳидҳои тобеъи Раёсати БДА, пешниҳодот тайёр кунад.
– барои бо мукофотҳои Давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон корнамоӣ нишон додаанд, ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияномаҳо пешниҳод кунад;
– оиди бо нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳо сарфароз гардонидани кормандони мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва шаҳрвандон, ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияномаҳо пешниҳод намояд;
– ба пуррагӣ чораҳои интизомиеро, ки қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, нисбати кормандони дастгоҳи Раёсат ва воҳидҳои бевоситаи тобеъи Раёсат, тадбиқ намояд;
– барои гузаронидани аттестатсияи кормандони дасгоҳи Раёсат ва воҳидҳои тобеъи Раёсати БДА пешниҳодот тайёр кунад;
– ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаро бо рутбаҳои махсуси навбатӣ сарфароз гардонад, инчунин ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо рутбаҳои махсус сарфароз гардонидани ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда пешниҳодот ирсол намояд;
– меъёрҳои шуморавӣ, тартиби таъсисдиҳӣ, азнавташкилкунӣ ва барҳам додани воҳидҳоеро, ки аз ҳисоби маблағҳои Раёсати БДА нигоҳ дошта мешаванд, муайян намояд;
– ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ намудани Низомнома ва сохтори штатҳои воҳидҳои сохтории тобеъи Раёсати БДА, пешниҳодот ирсол намояд;
– кормандони ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи Раёсати БДА ва воҳидҳои бевосита тобеъи онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;
– номзадонро барои вазифаҳои ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи ҳайати Раёсати БДА ва воҳидҳои бевосита тобеъи инчунин ҳайати шахсии воҳидҳои бақайдгириву имтиҳоноти ШБДА РКД вилоятҳо барои ба вазифаҳо таъин ва аз вазифа озод намудан ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод намояд;
– бо сардори Раёсати БДА мувофиқа карда мешавад:
пешниҳоди сардори РКД ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони ШБДА РКД ва муовинони онҳо, сардорони шўъбачаҳои ШБДА РКД, сардорони шўъбачаҳои БДА ШКД ноҳияҳои ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, қумондони ротаи хадамоти роҳбонии ШБДА ш.Душанбе, ШБДА вилоятҳо ва муовинони онҳо;
пешниҳоди сардорони ШКД шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ҳайати шахсии шўъбачаю гурӯҳҳои БДА;
пешниҳоди сардорони ШБДА РКД шаҳри Душанбе, вилоятҳо оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда бо фармони сардори РКД-ҳайати шахсӣ қаторӣ, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда ШБДА РКД Душанбе, вилоятҳо, нохияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо то сардори шўъбача.
Қабули номзадон ба хизмат ва таъин намудани кормандон ба мақомоти БДА РКД ш.Душанбе, ШКД шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ пас аз гузаштани онҳо аз комиссияи марказии интихобии Раёсати БДА, ки раисикунандааш сардори Раёсати БДА мебошад, амалӣ гардонида мешавад.
Қабули номзадон ба хизмат ва таъин намудани кормандон ба мақомоти БДА РКД вилоятҳо пас аз гузаштани онҳо аз комиссияи интихобии шўъбаҳои БДА РКД вилоятҳо, ки роҳбарии онҳо ба зиммаи кормандони масъули Раёсати БДА гузошта шудааст, амалӣ гардонида мешавад.

V.Таъминоти молиявӣ

15. Фаъолияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
– буҷаи ҷумҳуриявӣ;
– буҷаи маҳаллӣ;
– маблағҳои вазоратҳо, идораҳо ва корхонаҳо;
– маблағҷудокуниҳои ташкилотҳои суғуртавӣ;
– маблағҳои аз фаъолияти хоҷагӣ ва хизматрасониҳои пулакии БДА воридшаванда;
– маблағҳои аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ воридшаванда.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin