Эълон барои довталабони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ ва мувофиқ сохтани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фар-моиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37 аз 26 майи соли 2016 ба Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 12 б/з аз 20.02.2014 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шуданд:

1. Банди 1 фасли 2 (Тартиби интихоб) сархати дуюм чунин хонда шавад: маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-240102 «Ҳуқуқшиносӣ» (барои мақомоти корҳои дохилӣ (буҷавӣ, шартномавӣ), барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (шартномавӣ), барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ), барои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ)), касби «Ҳуқуқшинос» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ.
2. Банди 7 фасли 3 (Қоидаҳои қабул) сархати якум чунин хонда шавад:
– озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ (дав ба масофаи 100 м, дав ба масофаи 1000 м, турниккашӣ, партофтани норинҷак ва шиноварӣ ба масофаи 50 м (бе муҳлат));
Эзоҳ: дар банди 1 фасли 2 (Тартиби интихоб) сархати дуюм “барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (шартномавӣ), барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ), барои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ)” ва дар банди 7 фасли 3 (Қоидаҳои қабул) сархати якум дар озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ “шиноварӣ ба масофаи 50 м (бе муҳлат)” илова шудааст;

ШУЪБАИ ТАЪЛИМИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin