• Home »
  • Фармонҳои ВКД ТҶ »
  • Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ

Замима

Бо Фармони ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «10»июни соли 2017
№256 тасдиқ гардидааст.

НИЗОМНОМАИ
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия (минбаъд – Шўрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ- мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ созмон дода мешавад.
2. Шўрои ҷамъиятӣ назардошту пешниҳоди ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати ташаккул ва татбиқ намудани сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонида, дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар ин бобат назорати ҷамъиятиро амалӣ менамояд.
3. Шўрои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ақаллиятҳои этникӣ таъсис дода мешавад.
4. Шўрои ҷамъиятӣ ҳамкории ҷомеа ва милитсияро дар коркарди самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва масъалаҳое, ки ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа, дар ҳаёт татбиқ намудани принсипи дастрасӣ ва ошкорбаёнии фаъолияти милитсия, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон вобастагӣ доранд, таъмин менамояд.
5. Шўрои ҷамъиятӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.
Ҳамзамон барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия шароит фароҳам меоварад.
6. Шўрои ҷамъиятӣ ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ ва усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омўхта, ҷиҳати мукаммалсозии фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти милитсия ба роҳбарияти он бо дарназардошти махсусиятҳои минтақаи дахлдор таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд.
7. Шўрои ҷамъиятӣ мақомоти ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро дар асоси ташаббуси ҷамъиятӣ пеш мебарад.
8. Шўрои ҷамъиятӣ шахси ҳуқуқӣ набуда, дар асоси Низомномаи мазкур фаъолият мекунад.
9. Аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ танҳо дар доираи принсипҳои мувофиқати қарорҳо ва амалҳои мушаххасе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, масъулияти якҷоя мебаранд. Аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ рафтору фаъолияти худро дар доираи талаботи «Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Шўрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, дар рўҳияи эҳтиром, боварӣ, поквиҷдонӣ, инсондўстӣ ва хайрхоҳӣ ба роҳ мемонанд.
10. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Шўрои ҷамъиятиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» аз 19 марти соли 2013 таҳти №1438 ва «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» аз 03 майи соли 2014 таҳти №296, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.
11. Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
12. Вазорати корҳои дохилӣ (минбаъд–Вазорат) ба аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ ҷиҳати бе мамониат ва самаранок дар доираи қонун иҷро намудани фаъолияташон кафолат медиҳад.

2. ҲАДАФҲОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

13. Ҳадафҳои Шўрои ҷамъиятӣ инҳо мебошанд:
1) мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, созмон додани механизмҳои гуногуне, ки муҳокимаи ошкоро ва оммавиро дар ин самт таъмин мекунад;
3) дар мавзўӣ ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонидани арзу дархост ва пешниҳодоти шаҳрвандон, инчунин ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкории самараноки кормандони мақомоти милитсия бо ҷомеа;
4) мусоидат намудан ба ҳамкории мутақобилаи судманди мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бехатарии ҳаёт, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, аз байн бурдани тарсу ҳарос оид ба сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷамъият, пешгирии ба вуқуъ пайвастани бетартибиҳои оммавӣ ва пурзўр намудани шарикии мақомоти милитсия бо аҳолӣ дар минтақа;
5) мустаҳкам намудани шарикии доимии мақомоти милитсия бо аҳолӣ, ошкорбаёнии фаъолияти он бо ҷомеа, шиносоии наздики кормандони мақомоти милитсия бо аҳолӣ дар ҷойҳои истиқомат, кор, таҳсил, иҷро намудани дархосту пешниҳодҳои аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи он. Баргузор намудани ҳисоботи расмии мақомоти милитсия дар назди ҷомеа оид ба самти фаъолият ва иҷрои дархосту пешниҳодҳои аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вобаста ба таъмин ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бехатарии ҳаёт, пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
6) ташкили назоратбарӣ ҷиҳати ба инобат гирифтани дархостҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушд ва такмил ҳамкории мақомоти милитсия бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;
7) таҳияи механизмҳо ва таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вогузор намудани вазифаҳо ба кормандони мақомоти милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиси фаъолияти шаффофи мақомоти милитсия барои шаҳрвандон ва баҳодиҳии иҷроиши онҳо.

3. ВАЗИФАҲОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

14. Вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ:

1) ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо;
2) омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҷомеа ҷиҳати мусоидат намудан ба мақомоти милитсия дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо;
3) баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, наздик намудани мақомоти милитсия бо аҳолӣ, тақвият додан ба фаъолияти мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма оид ба боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд;
4) таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар муҳокимаҳо ва амалӣ намудани механизмҳои гуногуне, ки дар ҷараёни ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ мубоҳисаи ошкоро ва оммавиро фарогир бошад;
5) расонидани кўмакҳои машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти милитсия;
6) дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти милитсия, хусусан бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ҷиҳати раванди демократикунонии ҷомеа, ислоҳоти милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, пешгирии зуҳуроти ҳаракатҳо ва ҳизбҳои экстремистии динӣ, хатарнокии онҳо барои ҷомеа ва давлат, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёна, корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон дар байни аҳолӣ, дар ҷойҳои истиқомат кор ва таҳсилашон вохўриҳо баргузор намояд;
7) бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, шўроҳои занон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амният, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ва иштирок дар ташкилу гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷомеа ва пешгирии ҳодисаҳои фавқулода ва амалҳои экстремистиву террористӣ чораҳо андешад;
8) вобаста ба масъалаи ҷорӣ намудани шаклҳо ва усулҳои самарабахши фаъолияти якҷояи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ бо мақомоти милитсия, тавсия, хулоса ва таклифу пешниҳодҳо омода намуда, дар амалисозии онҳо ширкат намояд;
9) бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳонишавии ғояҳои ҳизбу ҳаракатҳои динии раванди экстремистидошта, терроризм, қатлу куштор, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хатар ва таҳдиди ҷиддӣ доранд, бо иттиҳодияҳои динӣ робитаҳои хуби корӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии паҳншавии ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва манъгардида, инчунин шомил шудани ҷавонон ба ин равияҳо, таълимоти ғайриқонунии динии наврасон, ҷалби онҳо бо гурўҳҳои экстримистиву террористӣ, дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва бахшҳои оперативии мақомоти милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ дар шакли профилактикаи умумӣ ва инфиродӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботӣ ва пешгирикунӣ гузаронанд:
10) таҳияи пешниҳодҳо барои ҳалли масоили ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равонашуда ва амалисозии чорабиниҳои муштарак;
11) омода намудани ченакҳои баҳогузории пешакӣ, хулосаҳо ва пешниҳодҳо доир ба мукаммалгардонии фаъолияти милитсия, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ворид шудаанд;
12) иштирок дар таҳияи барнома, нақша ва пешниҳодҳое, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар Тоҷикистон равона шудаанд;
13) ҳангоми аз шаҳрвандон дастрас намудани маълумот оид ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии содиршуда, ҷойи пинҳоншавии ҷинояткорони дар ҷустуҷў қарордошта, шахсони беномунишон гумшуда, ҷасадҳои дарёфтшудаи шахсияташон номаълум ва ашхоси тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайронкарда ба мақомоти милитсия хабар диҳад;
14) барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, маърифатнокӣ, ҷаҳонбинӣ, маҳорати касбӣ ва омодагии сиёсии кормандони мақомоти милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳо андешад.
15) ҷиҳати риоя ва татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд” ба мақомоти милитсия мусоидат намуда, дар ин бобат таклифу дархостҳо пешниҳод намояд.

4. ҲУҚУҚҲОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

15. Шўрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
1) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои дар якҷоягӣ бо милитсия гузаронидани корҳои профилактикӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
2) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани нақши мақомоти милитсия дар суботи сиёсати дохилӣ, ризоияти ҷамъиятӣ ва тақвият бахшидан ба мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба демократикунонии ҷомеа равона шудаанд, таклифҳо пешниҳод намояд;
3) ҷиҳати такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти милитсия таклифҳо пешниҳод намояд;
4) ба шаҳрвандон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, бо дархосту таклифҳо муроҷиат намояд;
5) дар чорабиниҳои муштарак оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намояд;
6) ба роҳбарияти мақомоти милитсия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, инчунин ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бобати ҳавасманд гардонидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, инчунин аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ дархост пешниҳод намояд;
7 кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои илмиву экспертии миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин мутахассисони соҳавии алоҳидаро ба фаъолияти худ ҷалб намояд;
8) дар доираи амали Шўрои ҷамъиятӣ вобаста ба фаъолияти мақомоти милитсия, дар бораи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ маълумот дархост намояд, агар он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва ҳифзи сирри давлатӣ ё дигар сирри аз ҷониби қонунгузорӣ ҳифзшаванда мухолифат накунад;
9) дар ҷаласаҳои худ оид ба масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баррасии дигар масъалаҳои ба доираи ваколатҳои он шомилбуда, кормандони мақомоти милитсияро, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудаанд, даъват ва гўш намояд;
10) реҷаи (регламенти) кори Шўрои ҷамъиятиро муқаррар намуда, таҳияи нақшаҳои кории дурнамо ва ҷориро амалӣ намояд, инчунин ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд;
11) тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ таҳия ва нашри бюллетенҳо ва ҳисоботҳоро ба роҳ монад;
12) намояндагони Шўрои ҷамъиятиро барои иштирок дар маҷлисҳои гуногун, сафарҳои шиносоӣ, гуфтушунидҳо, иқдомҳои инсондўстӣ ва ғайра, тавсия намояд;
13) бо дастури Раиси Шўрои ҷамъиятӣ барои иҷрои супоришҳои мушаххас аъзоёни Шўрои ҷамъиятиро барои гузаронидани ҷаласаҳои сайёр ё ба минтақаи хизматрасонии мақомоти милитсия фиристонад;
14) ҷиҳати амалисозии Низомномаи мазкур, дар асоси ҳадафҳо ва вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ, конфронсу семинарҳо ва мизҳои мудаввар барпо намуда, бо аҳолӣ вохўриҳо доир намояд;
15) ҷиҳати холисона ва ҳамаҷониба ба аҳолӣ пешкаш намудани иттилоот дар бораи масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти милитсия намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷалб намояд.

5. ТАРТИБИ СОЗМОН ДОДАНИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

16. Шўрои ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
17. Номзад ба аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 20 расида, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии маҳалли Шўрои ҷамъиятии таъсисёбанда буда, дорои таҳсилоти на кам аз миёнаи умумӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта, шуда метавонад. Барои аъзо шудан ба Шўрои ҷамъиятӣ ба номзадҳои маълумоти олии ҳуқуқидошта, афзалият дода мешавад.
18. Муҳлати ваколати аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ 3 сол мебошад.
19. Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд номзадии худро барои аъзо шудан ба Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод намоянд.
20. Барои аъзо шудан ба Шўрои ҷамъиятӣ шаҳрвандон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1) ариза дар бораи аъзо шудан (ба номи сардори ШВКД);
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи тасдиқкардашудаи дафтарчаи меҳнатӣ;
6) 2 дона расми 4х6
21. Барои аъзо шудани намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба Шўрои ҷамъиятӣ, ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 20 Низомномаи мазкур пешбинишуда, иловатан бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣё шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома);
4) Маълумотнома оид ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ (анкета).
22. Се моҳ пеш аз ба итмом расидани муҳлати ваколати Шўрои ҷамъиятӣ аз ҷониби ШВКД дар васоити ахбори омма эълон оид ба аъзогӣ ба Шўрои мазкур нашр карда мешавад. Дар давоми як моҳ рўйхати номзадҳо ба аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ дар асоси аризаи шаҳрванд оид ба аъзогӣ ба Шўрои ҷамъиятӣ аз ҷониби сардори ШВКД омода карда шуда, на камтар аз сӣ рўз то хотимаёбии муҳлати ваколати ҳайати пешина ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ, пешниҳод карда мешавад.
Ҳайати аввалини Шўрои ҷамъиятӣ аз ҷониби сардори ШВКД дар шаҳру ноҳияи дахлдор омода ва тасдиқ карда мешавад.
23. Дар минтақае, ки Шўрои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад, нозири минтақавии ин маҳал ба таври ҳатмӣ аъзои шўро ҳисобида мешавад.
24. Ҳайати Шўрои ҷамъиятӣ бояд на камтар аз 7 нафарро ташкил диҳад. Дар баробари ин бояд рўйхати эҳтиётии номзадҳо ба ҳайати Шўрои ҷамъиятӣ дар ҳайати на кам аз 3 нафар тартиб дода шавад.
25. Рўйхати номзадҳо ба аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ дар минтақаҳо бо фармоиши сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо (минбаъд – воҳидҳои сохтории минтақавии ВКД) тасдиқ карда мешавад.
26. Раис, муовини Раис ва роҳбари Гурўҳи корӣ дар нахустин ҷаласаи умумии Шўрои ҷамъиятӣ, аз ҷониби аъзоёни он, бо роҳи овоздиҳии ошкоро интихоб карда мешаванд.
27. Номзадҳо ба вазифаи Раис, муовини Раис ё роҳбари Гурўҳи корӣ аз ҷониби аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ пешбарӣ карда мешаванд. Ҳар як аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҳуқуқи пешниҳод намудани танҳо як номзадро дорад.
28. Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, ки ба сифати номзад барои интихоб намудан ба вазифаи Раис, муовини Раис ё роҳбари Гурўҳи корӣ пешбарӣ шудаанд, ҳуқуқи худрадкуниро доранд. Аризаи худрадкунии онҳо бидуни муҳокима ва овоздиҳӣ қабул карда мешавад.
29. Раис, Муовини Раис ё роҳбари Гурўҳи корӣ интихобгардида ҳисобида мешаванд, агар ба тарафдории онҳо аз се ду ҳиссаи аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ, ки дар ҷаласа иштирок доранд, овоз дода бошанд.
30. Қарор оид ба интихоби Раис, муовини Раис ва роҳбари Гурўҳи корӣ бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоиши сардори мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳо эълон карда мешавад.
31. Ба аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ бо имзои сардори ШВКД шаҳодатнома дода мешавад, ки намунаи онро Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ менамояд.
32. Масъалаи пеш аз мўҳлат аз вазифа озод гардидани Раис, муовини Раис ё роҳбари Гурўҳи корӣ бо изҳори шахсии онҳо ё пешниҳоди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ карда мешавад. Қарор дар бораи аз вазифа озод кардани онҳо бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи аъзоён – иштирокчиёни ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, қабул карда мешавад.
33. Ҳангоми аз тарафи аъзои Шўрои ҷамъиятӣ риоя нагардидани меъёрҳои «Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ», ў тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз аъзогии Шўро хориҷ карда мешавад.

6. ВАКОЛАТҲОИ РАИС ВА МУОВИНИ РАИСИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

34. Раис ва муовини Раиси Шўрои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) Шўрои ҷамъиятиро роҳбарӣ менамоянд, фаъолияти Шўро ва гурўҳи кории онро ташкил карда, тартиботи дохилии Шўрои ҷамъиятиро назорат мебаранд;
2) ҳамкории Шўрои ҷамъиятиро бо мақомоти милитсия, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма ва дигар ташкилотҳо ба роҳ монда, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозанд.
3) лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи Шўрои ҷамъиятиро таҳия намуда, барои баррасӣ ба аъзоёни он ирсол мекунанд;
4) бо мақсади амалисозии вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои қабулкардаи он, аз ҷумла, қарор, дархост, муроҷиат, тавсия ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба имзо мерасонанд;
5) дар доираи салоҳияти муқарраршуда, ба гурўҳҳои корӣ ва аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ оид ба ҳалли масъалаҳои дахлдор супоришҳо медиҳанд;
6) муовини Раис ҳангоми иштирок надоштани Раис, вазифаҳои ўро иҷро менамояд.
7. ҲУҚУҚҲОИ АЪЗОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ
35. Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
1) оид ба ҳама гуна масъалаҳои фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ ва Гурўҳи кории он фикру ақидаи худро озодона баён намояд, дар музокираи ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ иштирок карда, ба рўзномаи ҷаласа ва масъалаҳои баррасишаванда таклифу дархостҳо пешниҳод намояд;
2) номзадҳоро барои интихоб ба аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод намояд ва фикру мулоҳизаи худро нисбати онҳо иброз намояд;
3) дар таҳияи маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ, инчунин лоиҳаи қарорҳо ва амалисозии қарорҳои қабулшуда иштирок намояд;
4) ба вазифаҳои интихобии Шўрои ҷамъиятӣ интихоб шавад ва интихоб намояд;
5) номзадии худро ба вазифаи Раис, муовини Раис ё роҳбари Гурўҳи корӣ пешбарӣ намояд ва барномаи кории худро дар муҳлати се соли оянда пешниҳод намояд;
6) бо протоколҳо ва маводҳои ҷаласаи гурўҳи корӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои Шўрои ҷамъиятӣ шинос шавад;
7) дар ҳолати норозӣ будан бо қарори Шўрои ҷамъиятӣ ё Гурўҳи кории он, дархосту пешниҳодҳои худро хаттӣ манзур намояд, ки он ба қарор замима ва ба протоколи ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ ё Гурўҳи корӣ ворид карда мешавад;
8) бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилӣ дар доираи фаъолият ба биноҳои дахлдори мақомоти милитсия, ҷойҳои нигоҳдории маваққатии гумонбаршавандагон ва ё айбдоршавандагон дар содир кардани ҷиноят, инчунин шахсони барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифташуда ташриф оварад;
9) тибқи муроҷиати шаҳрвандон аз натиҷаи баррасии аризаҳо оид ба поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия шинос шавад;
10) ҷиҳати гузаронидани санҷишҳо дар ҳолатҳои аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дар мувофиқа бо Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ба Вазири корҳои дохилӣ ё шахсони мансабдори аз ҷониби ў ваколатдоршуда дархост пешниҳод намояд;
11) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дар мувофиқа бо Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ба мақомоти давлативу ҷамъиятӣ бо дархостҳо, таклифҳо ва пешниҳодҳо муроҷиат намояд ва оид ба натиҷаи ҳалли онҳо посух гирад;
12) аз фаъолияти асосиаш дур нашуда, вазифаҳои ҷамъиятии худро бо таври ройгон иҷро намояд;
13) ҳангоми доир гардидани ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва сафарҳои хизматӣ аз иҷрои вазифаҳои асосии хизматии худ бо пурра нигоҳ доштани музди маоши асосӣ озод карда шавад;
14) аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, дар рафти муҳокима ва қабули қарорҳо ҳуқуқҳои баробар доранд.

8. УҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

36. Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ уҳдадор аст:
1) Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намояд, вазифаҳои худро поквиҷдонона иҷро кунад, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони дигарро риоя ва эҳтиром намуда, бо фаъолияти худ ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намояд;
2) шахсан дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва Гурўҳи кории он, ки аъзо мебошад, инчунин дар дигар чорабиниҳое, ки аз тарафи Шўрои ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд, фаъолона иштирок намояд. Ҳангоми овоздиҳӣ оид ба масъалаҳои баррасишаванда фикру ақидаи худро изҳор намояд;
3) дар ҳолати бо сабабҳои узрнок, имкони иштирок надоштан дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ ё Гурўҳи кории он, на дертар аз як шабонарўз пеш аз рўзи баргузории ҷаласа Раис, муовини ў ё роҳбари Гурўҳи кориро огоҳ намояд;
4) супоришҳои дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ, Гурўҳи кории он ё аз ҷониби Раис воргузоршударо саривақт ва бо сифати баланд иҷро намояд;
5) ҳангоми фаъолият дар кори Шўрои ҷамъиятӣ меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятиро риоя намояд;
6) аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти худро дар Шўрои ҷамъиятӣ ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ба манфиати шахсии худ истифода барад;
7) вогузор кардани ҳуқуқу вазифаҳо ба дигар шахсоне, ки ба ҳайати Шўро аъзо нестанд, иҷозат дода намешавад.

9. БАНАҚШАГИРӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ҶАЛАСАҲОИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

37. Ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар ду моҳ гузаронида мешавад.
38. Ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои ҷамъиятӣ метавонад бо дархости Вазири корҳои дохилӣ, сардорони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаҳо, қарори Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ гузаронида шавад.
39. Нақшаи кории Шўрои ҷамъиятӣ дар асоси пешниҳоди аъзоёни он тартиб дода шуда, бо сардори воҳиди сохтории минтақавии ВКД дар шаҳру ноҳияи дахлдор мувофиқа карда мешавад.
40. Аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ метавонанд ба таври хаттӣ дар бораи ба нақшаи кории Шўрои ҷамъиятӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо таклифу пешниҳодҳо манзур намоянд.
41. Ташаббускори даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои ҷамъиятӣ рўйхати масъалаҳо ва лоиҳаҳои қарори онро барои баррасӣ ба таври хаттӣ ба Раиси Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд.
42. Раис тартиби кори ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои ҷамъиятиро муқаррар намуда, санаи гузаронидани ҷаласаро муайян менамояд ва рўзномаи ҷаласаро 5 рўз қабл аз гузаронидани он, ба маълумоти аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ мерасонад. Лоиҳаҳои қарорҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳо оид ба масъалаҳое, ки ба рўзномаи ҷаласа ворид карда мешаванд, аз ҷониби Гурўҳи кории Шўрои ҷамъиятӣ таҳия карда шуда, 3 рўз қабл аз баррасӣ, ба аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ ирсол карда мешавад.
43. Ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ, агар дар кори он на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ иштирок дошта бошанд, салоҳиятдор шуморида мешавад.
44. Аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ метавонанд ба рўзномаи ҷаласа ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешниҳод намоянд. Пешниҳод он вақт қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзоён-иштирокчиёни Шўрои ҷамъиятӣ ба он овоз диҳанд.
45. Агар дар рафти ҷаласа ва баррасии рўзномаи он ба матни лоиҳаи қарор мухолифати ақидаҳо пайдо шаванд, лоиҳаи қарори ҷаласа бо овоздиҳии аксарияти аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ ба Гурўҳи корӣ барои баинобатгирии тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ва коркарди иловагӣ баргардонида шуда, баъди коркард дар ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятӣ мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
46. Тибқи қарори Шўрои ҷамъиятӣ, барои гирифтани маълумоту хулосаҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои баррасишаванда, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти милитсия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, коршиносон ва дигар мутахассисон метавонанд ба ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ даъват карда шаванд. Бо даъвати Шўрои ҷамъиятӣ намояндагони васоити ахбори омма низ метавонанд дар ҷаласаҳои он ширкат варзанд.
47. Сардорон ва муовинони воҳидҳои сохтории минтақавии ВКД ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ иштирок намоянд.
48. Қарори Шўрои ҷамъиятӣ бо овоздиҳии аксарияти (50+1) аъзоён-иштирокчиёни ҷаласа ба тариқи пинҳонӣ ё ошкоро қабул карда мешавад.
49. Дар мавриди баробар тақсим шудани шумораи овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мегардад.
50. Протоколи ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ аз ҷониби Раис ва намояндаи воҳидҳои сохтории минтақавии ВКД ба имзо расонида мешавад. Дар мавриди дар ҷаласа иштирок надоштани Раис, протоколи ҷаласаро муовини ў ба имзо мерасонад.
51. Вобаста ба натиҷаи баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласа, қарорҳои Шўрои ҷамъиятӣ дар шакли пешниҳодот ва муроҷиатномаҳо низ қабул карда мешаванд.
52. Қарорҳои Шўрои ҷамъиятӣ барои баррасӣ аз рўи салоҳият, ба таври иқтибос аз протоколҳо пешниҳод карда мешаванд, ки онро Раис ба имзо мерасонад.
53. Нусхаҳои аслии протоколҳои ба расмият даровардашудаи ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва Гурўҳи кории он, инчунин маводҳои замимавии онҳо дар бойгонии воҳидҳои сохтории минтақавии ВКД нигоҳ дошта мешаванд.

10. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ ГУРЎҲИ КОРИИ ШЎРОИ
ҶАМЪИЯТӢ ВА ВАКОЛАТҲОИ ОН

54. Ҷиҳати амалисозии ҳадафу вазифаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва ташкили фаъолияти самараноки он Гурўҳи корӣ таъсис дода мешавад.
55. Вазифаҳои роҳбари Гурўҳи корӣ аз ҷониби Раис муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
56. Шўрои ҷамъиятӣ ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Гурўҳи корӣ метавонад аз воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ мутахассисони соҳавиро ҷалб намояд.

57. Гурўҳи корӣ:
1) фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ ва дигар фаъолиятро дар доираи салоҳияти Шўрои ҷамъиятӣ пеш мебарад;
2) дар мувофиқа бо Раиси Шўрои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳо ва маводҳои ғайримахфиеро, ки барои фаъолияти Гурўҳи корӣ заруранд, аз роҳбарони воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дархост менамояд;
3) барои амалӣ намудани фаъолияти худ экспертҳо, мутахассисони соҳавӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб менамояд;
4) ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо барои баррасӣ ба Шўрои ҷамъиятӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
5) оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ маводҳои таҳлилӣ, пешниҳодҳо ва хулосаҳоро омода намуда, барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ва ворид намудан ба лоиҳаи қарорҳо пешниҳод менамояд;
6) оид ба фаъолияти худ ҳар сол на дертар аз 15 декабр маърўзаи ҳисоботӣ таҳия намуда, ба Раиси Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд;
7) таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки ба Шўрои ҷамъиятӣ ворид шуда, барои баинобатгирӣ ва ҷамъбаст ба Гурўҳи корӣ ирсол гардидаанд, баррасӣ менамояд.

11. ҲОЛАТҲОИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ АЪЗОГИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

58. Аъзогии Шўрои ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқаррар намудаи Низомномаи мазкур ва “Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ” дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1) бо додани ариза оид ба баромадан аз ҳайати Шўрои ҷамъиятӣ;
2) бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳо гум кардани имконияти иштирок дар фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ;
3) бо қарори Шўрои ҷамъиятӣ, ки бо овоздиҳии аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоёни он қабул шудааст;
4) риоя накардани меъёри «Кодекси одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ».
59. Масъалаҳои қатъ кардани ваколати аъзои Шўрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаи наздиктарин баррасӣ карда мешавад.
60. Бе сабаби узрнок дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ ҳозир набудани аъзои Шўро, ки нисбати ў шикоят (маълумот) ворид шудааст, монеа барои муҳокимаи намудани шикоят аз ҷониби Шўрои ҷамъиятӣ шуда наметавонад.
61. Агар дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоён иштирок дошта бошанд, қарори Шўрои ҷамъиятӣ оид ба қатъ кардани ваколати аъзои он ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ё ошкоро қабул карда мешавад.
62. Қарори Шўрои ҷамъиятӣ дар бораи қатъ кардани ваколати аъзои Шўрои мазкур бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
63. Дар ҳолати қатъ гардидани ваколати аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, Раис барои қабули қарор оид ба тасдиқ намудани номзадии нави аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бо дархост ба сардори воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад.

12. ТАРТИБИ ТАСДИҚ НАМУДАНИ АЪЗОИ НАВИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

64. Номзадии аъзои нави Шўрои ҷамъиятӣ аз рўи пешниҳоди аъзоёни он ва роҳбарияти воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ (аз рўйхати эҳтиётии номзадҳо) дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ баррасӣ карда мешавад.
65. Номзадҳо ба ҳайати Шўрои ҷамъиятӣ аз рўи тавсияҳои на кам аз ду аъзои амалкунандаи Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешаванд.
66. Қарори Шўрои ҷамъиятӣ дар бораи ба аъзогӣ қабул намудани номзади нав, қабулшуда ҳисобида мешавад, агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзоён-иштирокчиёни ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ ба он овоз дода бошанд. Аъзои нави Шўрои ҷамъиятӣ бо фармоиши сардори воҳидҳои сохтории минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияи дахлдор эълон карда мешавад.

13. АМВОЛ ВА МАБЛАҒУЗОРИ ПУЛИИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

67. Таъминотии моддӣ-техникии Шўрои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, донорҳо, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории минтақавии он амалӣ карда мешавад.
68. Хароҷоти сафарҳои хизматии аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои ба онҳо вогузоршударо шарикони иҷтимоии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории минтақавии он ба уҳда мегиранд.
69. Утоқҳои кории Шўрои ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти компютерӣ ва дигар маводҳои техникӣ аз ҳисоби шарикони иҷтимоии Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 таъмин карда мешаванд.

14. ШАКЛҲОИ ФАЪОЛИЯТ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

70. Шаклҳои асосии фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ ин ҷаласа, ҷаласаи Гурўҳи корӣ, инчунин омодакунии ҳисоботҳо мебошанд.
Фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ дар ҷаласаҳои умумӣ ва Гурўҳи корӣ аз рўи зарурият, вале на кам аз як маротиба дар ду моҳ амалӣ карда мешаванд. Инчунин, Шўрои ҷамъиятӣ метавонад дар доираи фаъолияти худ конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар барпо намояд. Шўрои ҷамъиятӣ ҳар сол на дертар аз 20 декабр оид ба фаъолияти солонаи худ ба воҳидҳои сохтории минтақавии ВКД маълумотномаи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.

15. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ФАЪОЛИЯТИ ШЎРОИ ҶАМЪИЯТӢ

71. Ҷиҳати таъмини иттилоотонии фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ, Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳо ва шўъбаҳои минтақавии он, барои ҷойгиркунонии маълумотҳо дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар васоити ахбори омма, аз он ҷумла маҳаллӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin