• Home »
  • Фармонҳои ВКД ТҶ »
  • Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД ҶТ

Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД ҶТ

Бо Фармоиши ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти №12 аз 20.02.с.2014
тасдиқ карда шудааст.

Д А С Т У Р А М А Л 
дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули
довталабон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамал «Дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Дастурамали мазкур тартиби интихоб,қоидаҳои гузаронидани озмоишҳои дохилшавии довталабон ва таъмини шаффофияти қабул ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
3. Муқаррароти Дастурамали мазкур иштироки ҳама гуна табақаи шаҳрвандонро сарфи назар аз миллат, нажод, xинc, забон, мавrеи сиёсb, вазъи иxтимоb таъмин менамояд.
4. Омодакунии мутахассисон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ихтисосҳои дар он вуҷуддошта бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона ҳам ба тариқи буҷавӣ ва ҳам ба тариқи шартномавӣ амалӣ гардонида мешавад.
2. Тартиби интихоб
1. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:
– маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-260172 – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», касби «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ» бо шаклҳои таҳсили рӯзона (2 сол) ва ғойибона (3 сол) дар заминаи маълумоти олӣ;
– маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-240102 «Ҳуқуқшиносӣ» (бо равияҳои 1-24010201 – фаъолияти маъмурӣ, 1-24010203 – тафтишот ва 1-24010210 – фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), касби «Ҳуқуқшинос» бо шаклҳои таҳсили рӯзона (5 сол) ва ғойибона (5,5 сол) дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;
– маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-940301 «Бехатарӣ аз сӯхтор», касби «Муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор» бо шаклҳои таҳсили рӯзона (5 сол) ва ғойибона (5,5 сол) дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;
– маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-940101 «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда», касби «Муҳандиси огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда» бо шаклҳои таҳсили рӯзона (5 сол) ва ғойибона (5,5 сол) дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;
– маълумоти миёнаи касбӣ бо ихтисоси 2-021200 «Ҳайати фармондиҳӣ», касби «Командири взвод» бо шакли таҳсили рӯзона (2 сол) дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ.
2.Ба факултети №1 (ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ») кадри роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ (аз вазифаи сардори шӯъба ва боло), дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу (МҲҲ) сохторҳои низомии ҷумҳурӣ (дар асоси шартнома), ки дорои маълумоти олӣ, то синни 35 солабарои таҳсили рӯзона (то синни 50 сола барои таҳсили ғойибона) мебошад, на камтар аз даҳ сол собиқаи корӣ дар мақомот, инчунин шахсе, ки дар захира барои пешбарӣ ба вазифаи роҳбарикунанда (на камтар аз як сол) қарор дорад, қабул карда мешавад.
3. Ба факултетҳои №№2,4 (ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ») ва №5 (ихтисосҳои «Бехатарӣ аз сӯхтор», «Омодагӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда» ва ихтисосҳои дигари муҳандисӣ) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну солаш аз 17 то 30 сола, дорои маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ё олӣ, ки ба талаботи нисбати кормандони МКД пешниҳодшаванда ҷавобгӯ мебошад, қабул карда мешавад.
4. Ба факултети №3 (таҳсили ғойибона) корманди МКД, инчунин дигар МҲҲ (дар асоси шартнома), ки маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ё олӣ дорад, вазифаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро ишғол менамояд, то синни 50 сола, дар мақомот на камтар аз 3 сол собиқаи корӣ дорад (барои шакли таҳсили буҷавӣ), ки аз ҷои хизмат мусбӣ тавсиф дода мешавад ё дар захира барои пешбарӣ шудан қарор дорад (замимаи 2), қабул карда мешавад.
5. Ба факултети №4 (ихтисоси «Ҳайати фармондиҳӣ») шахси аз Қувваҳои мусаллаҳ ба эҳтиётӣ ҷавобшудаи то 30 сола ё сарбозе, ки дар қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як сол хизмат намуда, дорои маълумоти миёнаи умумӣ ё миёнаи касбӣ мебошад, қабул карда мешавад.
6. Дар факултетҳои №№ 1,2,3,4 ва 5 тибқи банди 3 Низомномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2008 таҳти №2/18 тасдиқ шудааст, нафароне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) иҷозат дода мешавад.
7. Ҳангоми интихоби номзад ба тамоми ихтисосҳо пеш аз ҳама ба камолоти ғоявӣ-рӯҳӣ, сифатҳои корӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
8. Шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси шартнома мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва муассисаҳои соҳавии давлатҳои хориҷӣ бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
9. Синну соли довталабон барои дохилшавӣ ба таҳсил, собиқаи хизматӣ ва вазифавии онҳо то 1-уми сентябри соли дохилшавӣ ҳисоб карда мешавад.
10. Ба факултети №1 интихоби довталабон аз тарафи дастгоҳи марказии ВКД, Сарраёсатҳо, Раёсатҳо, шӯъбаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии ВКД, инчунин аз ҷониби ҷузъу томҳои дигар МҲҲ ва сохторҳои низомӣ сурат мегирад.
11. Шумораи довталабон барои таҳсил дар факултети №1 бо назардошти эҳтиёҷоти воқеӣ ба кадрҳои роҳбарикунанда ҳар сол аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Шумораи довталабон барои таҳсил аз ҳисоби дигар МҲҲ ва сохторҳои низомӣ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои пешбинигардидаи ВКД муайян карда мешавад.
12. Барои гирифтани роҳхат ба таҳсил дар факултети №1, довталабон аз аттестатсияи хизматӣ гузашта, номзадии онҳо дар комиссияҳои аттестатсионии вазорату идораҳо муҳокима мешаванд.
13. Ба шахсоне, ки барои дохилшавӣ ба шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар факултети №1 иҷозат дода шудааст, дастгоҳҳои кадрии мақомоти комплектикунанда ҳуҷҷатҳои зеринро омода месозанд:
– гузориш, тарҷумаи ҳол, варақаи шахсии бақайдгирии кадрҳо;
– шиносномаи шаҳрвандӣ (аслаш бо нусха);
– дипломи маълумоти олӣ (аслаш бо нусха), замима ба диплом (аслаш бо нусха);
– қарори комиссияи аттестатсионӣ оид ба роҳхат додан ба таҳсил бо нишондоди вазифаи хизматӣ;
– хулосаи комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ;
– чор дона расми аз тарафи дастгоҳи кадрӣ тасдиқшуда (бе каллапӯш, дар қоғази беҷило, андозааш 4 х 6 см, бе гӯша).
14. Барои таҳсили рӯзона парвандаи шахсӣ, аттестатсияи пулӣ ва сарулибосии довталаб, пас аз қабул шудан, аз ҷои кори асосӣ ба Академия фиристонида мешаванд.
15. Ҳуҷҷатҳои номбаршудаи довталабон барои таҳсил дар факултети №1 то 1 июни соли қабул аз ҷониби Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД фиристода мешаванд. Ҳуҷҷатҳои довталабон аз дигар МҲҲ ва сохторҳои низомӣ то санаи нишондодашуда аввал ба РК ва КҲШ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз он ба Академияи ВКД ирсол карда мешаванд.
16. Ба факултетҳои №№ 2, 3, 4 ва 5 довталабон барои таҳсил аз ҳисоби ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунандаи МКД ва сохтори дигари МҲҲ ва низомӣ, инчунин, аз ҳисоби дигар шаҳрвандон, аз ҷониби воҳидҳои кадрии мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷои кор ё ҷои истиқомати онҳо интихоб карда мешаванд.
17. Парвандаҳои таълимии довталабон барои таҳсил дар факултетҳои №№2, 3, 4 ва 5 Академияи ВКД аввал аз тарафи воҳидҳои кадрӣ дар ҷойҳо омода карда шуда, сипас дар мӯҳлатҳои то 10 майи соли қабул (барои факултети №3) ва то 10 июни соли қабул (барои факултетҳои №№2, 4 ва 5) ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ирсол карда мешаванд.
18. РК ва КҲШ ВКД парвандаҳои таълимии довталабонро тибқи талаботи қоидаҳои қабул барои соли хониши ҷорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар мӯҳлати на дертар аз 25 майи соли қабул (барои факултети №3) ва то 25 июни соли қабул (барои факултетҳои №№2, 4 ва 5) ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
19. Роҳбари воҳиди дахлдор бо гирифтани гузориш (ариза) вазифадор аст, ки шахсан бо ҳар як довталаб сӯҳбат намояд, хусусиятҳои таҳсил ва кори ояндаи ӯро фаҳмонад. Дар сурати мувофиқ будан ба шартҳои қабул, номзад ба комиссияи ҳарбӣ-тиббии минтақавӣ фиристонида мешавад. Қаду қомати довталаб бояд аз 168 см (барои мардон) ва аз 160 см (барои занон) баланд бошад.
20. Парвандаи шахсии таълимии довталабон ба факултетҳои №№2,3,4 ва 5 аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат мебошад:
– гузориш (барои кормандони амалӣ) ё ариза (барои шаҳрвандон);
– тарҷумаи ҳол, пурсишнома (анкета – барои шаҳрвандон);
– шиносномаи шаҳрвандӣ (аслаш бо нусха);
– шаҳодатномаи қайд ё билети ҳарбӣ (аслаш бо нусха – барои таҳсили рӯзона);
– хислатнома ё аттестатсия аз ҷои таҳсил ё кори охирин;
– аттестати маълумоти миёнаи умумӣ ё дипломи маълумоти миёнаи касбӣ ё олӣ бо замима (аслаш бо нусха);
– хулосаи комиссияи ҳарбӣ-тиббии минтақавӣ;
– маводи санҷишӣ (барои таҳсили рӯзона);
– қарори комиссияи аттестатсионӣ оид ба роҳхат додан ба таҳсил бо нишондоди вазифа (барои кормандони амалӣ – замимаи 2);
– варақаи шахсии бақайдгирии кадрҳо (барои кормандони амалӣ);
– чор дона расми андозааш 4 х 6 см дар қоғази беҷилои бе гӯша, бе каллапӯш ва як дона расми андозааш 9 х 12 см, ки аз тарафи корманди воҳиди кадрӣ тасдиқ шудааст.
21. Парвандаи таълимии ҳар як номзад ба таҳсилро мақомоти комплектикунанда барои баррасӣ ба роҳбаре, ки ҳуқуқи ба вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда таъин намуданро дорад, мефиристад. Аз ҷониби роҳбари мазкур парвандаи шахсии таълимии номзад ба таҳсил омӯхта шуда, дар бораи фиристодан ё рад намудани ӯ ба таҳсил қарори ниҳоӣ қабул гардида, хулоса тасдиқ карда мешавад (замимаи 1).
22. Бо мақсади таъмини интихоб барои таҳсил дар Академия дар асоси озмун, воҳидҳои комплектикунанда барои ҳар як ҷои дар тақсимоти ВКД нишондодашуда, ду ё зиёда аз он парвандаҳои таълимии довталабонро омода менамоянд.
23. Довталабон барои шакли таҳсили рӯзона дар Академия аз ҳисоби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД ё дигар сохторҳои низомию МҲҲ, тибқи тартиби муқарраргардида корҳои (парвандаҳои) вазифавиро месупоранд, вале, танҳо пас аз қабул шудан ба Академия дар ҷойи кори асосиашон аз вазифа озод карда мешаванд.
24. Ба довталабон – кормандони МКД новобаста аз он, ки ба онҳо рухсатии навбатии меҳнатӣ дода шудааст ё не, дар давраи иштирок дар озмоишҳои дохилшавӣ, рухсатии иловагӣ дода мешавад.
25. Хараҷоти сафари таълимии довталабон барои таҳсил (барои кормандони амалӣ) ҷиҳати иштирок дар озмоишҳои дохилшавӣ аз тарафи мақомоти равонкунанда пардохт карда мешавад.
3. Қоидаҳои қабул
1. Ҳар сол то охири моҳи март фармони сардори Академияи ВКД ба тасвиб расонида мешавад, ки тибқи он ҳайати комиссияи қабули соли ҷорӣ дар Академия таъсис дода мешавад. Дар фармони мазкур раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзоёни комиссияи қабул (бо намояндаи РК ва КҲШ ВКД), инчунин раисон ва ҳайати комиссияҳои фаннӣ дарҷ мегарданд. Ҳамзамон бо фармонҳои дигари сардори Академия дар назди комиссияи қабул зеркомиссияҳои дигар: оид ба тафтиши парвандаҳои таълимии довталабон барои дохил шудан ба факултетҳои Академия, оид ба гузаронидани сӯҳбат бо довталабони иимтиёздошта ва оид ба гузаронидани аппелятсия дар ҳолатҳои зарурӣ таъсис дода мешаванд.
2. Аз ҷониби зеркомиссия «Оид ба тафтиши парвандаҳои таълимии довталабон барои дохил шудан ба факултетҳои Академия» парвандаҳои таълимии ба Академия воридшуда таҳлил гардида, қарори он дар бораи ҷавобгӯ будан ё набудани парвандаҳои таълимӣ аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда мешавад. Парвандаҳои таълимии ба қоидаҳои қабул ҷавобгӯ набуда, ки бо қарори Протоколи зеркомиссияи мазкур рад карда шудаанд, инчунин парвандаҳои таълимии довталабони аз озмоишҳои дохилшавӣ нагузашта, ба воҳидҳои кадрии мақомоти равонкунанда баргардонида мешаванд.
3. Пас аз тасдиқ гардидани хулосаи комиссияи мазкур, довталабони ба озмоишҳои дохилшавӣ роҳдодашуда, вобаста ба санаҳои дар ҷадвали озмоишҳои дохилшавӣ нишон додашуда, ба Академияи ВКД даъват карда мешаванд. Даъвати довталабон барои таҳсил ҷиҳати иштирок намудан дар озмоишҳои дохилшавӣ бо тариқӣ барқия, ки аз тарафи роҳбарияти ВКД ба имзо расидааст, тавассути қисми навбатдории ВКД амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон ба довталабоне, ки ба Академияи ВКД даъват шудаанду дар парвандаҳои таълимииашон камбудӣ муайян гаштааст, барои ислоҳи онҳо мӯҳлати муайян муқаррар қарда мешавад.
4. Аз ҷониби зеркомиссияи аттестатсионии барои гузаронидани сӯҳбат ташкилшуда, бо довталабоне, ки фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳангоми адои хизмат ҳалокгашта ва ятим мебошанд (барои факултетҳои № 2, №4 ва №5), инчунин дорои маълумоти олӣ ё факултети №4 Академияи ВКД-ро бо маълумоти миёнаи махсуси ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатмкарда (барои факултети №3) ё дорои имтиёзҳои дигари дар қоидаҳои қабули соли ҷорӣ нишондодашуда мебошанд, сӯҳбат гузаронида шуда, қарори он дар протоколи зеркомиссияи мазкур дарҷ мегардад. Сӯҳбат барои довталабони таҳсили рӯзона баъди гузаштан аз озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ гузаронида мешавад.
5. Аз ҷониби зеркомиссия «Оид ба гузаронидани аппелятсия» ариза ва дархости довталабони аз озмоишҳои дохилшавӣ баҳои «ғайриқаноатбахш» ё «ноком» гирифта, инчунин корҳои хаттии шубҳаноки довталабоне, ки баҳои «аъло» гирифтаанд, санҷида баромада мешавад ва аз натиҷаҳои он қарор дар протоколи зеркомиссияи мазкур дарҷ мегардад. Аризаҳои аппелятсионӣ танҳо дар рӯзи эълони баҳои озмоиши дохилшавӣ қабул карда мешаванд.
6. Довталабон барои таҳсил дар факултети №1 аз рӯйи самти фаъолияти касбии худ реферат навишта, онро барои ҳимоя бо парвандаҳои таълимӣ якҷоя ба Академия ирсол менамоянд.
7. Довталабон барои таҳсил дар факултетҳои №№2,4ва5 аз фанҳои зерин озмоишҳои дохилшавӣ месупоранд:
– озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ (дав ба масофаи 100м, дав ба масофаи 1000м, турниккашӣ ва партофтани норинҷак);
– забон ва адабиёти тоҷик (иншо ё диктант – барои довталабони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони ғайридавлатӣ хатмнамуда);
– озмоишҳои тестӣ (ё анъанавӣ) аз фанҳои асосҳои давлату ҳуқуқ ва таърихи халқи тоҷик (барои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ), аз фанҳои математика, физика ва химия (барои ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ).
8. Довталабон барои таҳсил дар факултети №3 аз фанҳои дар банди 7 нишондодашуда, ба истиснои зербанди якум ҳамаи озмоишҳои дохилшавии боқимондаро месупоранд.
9. Санаи ҳозиршавии довталабон ба факултетҳои Академияи ВКД барои гузаштан аз қайд ва рӯзҳои гузаронидани озмоишҳои дохилшавӣ дар ҷадвали озмоишҳои дохилшавӣ нишон дода мешавад, ки он аз ҷониби сардори Академияи ВКД тасдиқ мегардад.
10. Шумораи довталабон барои таҳсил дар ҳамаи факултетҳои Академия ҳар сол тибқи дархост-тақсимоти (разнарядкаи) ВКД ва дигар сохторҳои низомию МҲҲ муайян мегардад.
4. Озмоишҳои дохилшавӣ
1. Тарзи гузаронидани имтиҳони қабул (тестӣ ё анъанавӣ) тибқи фармони Вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад.
2. То оғози озмоишҳои дохилшавӣ довталабон барои таҳсил ба факултетҳои №№2, 3, 4 ва 5 аз комиссияи ҳарбӣ-тиббии Вазорати корҳои дохилӣ мегузаранд ва баъди анҷоми мусбии он ба онҳо варақаи имтиҳонии намунаи муқарраргардида дода мешавад.
3. Довталабон озмоишҳои дохилшавиро ба забони давлатӣ месупоранд. Агар довталаб мактаби миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро барои гурӯҳи русӣ омода карда бошад, ӯ метавонад озмоишҳои дохилшавиро ба забони русӣ супорад.
4. Дар факултети №1 озмоишҳои дохилшавӣ аз ҳимояи реферат (вобаста ба самти фаъолияти касбии довталаб) ва гузаштан аз сӯҳбат иборат мебошанд.
5. Дар факултетҳои №№2, 4 ва 5 довталабоне, ки мактаби миёнаи умумиро бо медали тилло (нуқра), мактаби миёнаи касбӣ ё олиро бо дипломи аъло хатм намудаанд, баъди гузаштан аз озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ, ба онҳо имтиёзҳои қоидаҳои қабули донишҷӯён, ки ҳамасола бо Қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ мегардад, паҳн мегардад.
6. Ба факултетҳои №№2, 4 ва 5 қабули фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, баъди гузаштан аз озмоиши омодагии ҷисмонӣ тариқи сӯҳбат сурат мегирад.
7. Озмоишҳои дохилшавӣ бо натиҷаҳои «аъло», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш» баҳогузорӣ мешаванд.
8. Шахсоне, ки бе сабабҳои узрнок ба озмоишҳои дохилшавӣ ҳозир нашудаанд, ба Академия қабул карда намешаванд. Довталабоне, ки аз озмоиши қаблӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд, ба озмоишҳои дигар роҳ дода намешаванд.
9. Дар сурати беморӣ ё сабабҳои дигари узрнок, ки ба супоридани озмоишҳои дохилшавӣ монеъ мешаванд, номзад ба таҳсил бояд дар ин бора то оғози озмоишҳо ба Комиссияи қабул хабар дода, ҳуҷҷати дахлдорро то ба охир расидани фаъолияти он пешниҳод намояд. Вобаста ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида Комиссияи қабул қарори дахлдорро қабул менамояд.
10. Аз рӯзи ба қайд гирифтани довталабон барои таҳсил дар Академия, ба онҳо ҳамаи талаботи муқарраргардидаи Академия паҳн мегардад. Дар сурати вайрон намудани тартиботи дохилии муқарраргардида, номзад ба таҳсил ба озмоишҳои дохилшавӣ роҳ дода намешавад.
11. Ба таҳсил қабул кардани довталабонро Комиссияи қабул дар асоси озмун аз рӯйи миқдори умумии балҳое, ки дар озмоишҳои дохилшавӣ гирифтаанд, ба амал мебарорад.
12. Шахсоне, ки ба онҳо имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ паҳн мегарданд, дар сурати гирифтани баҳоҳои мусбӣ дар озмоишҳои дохилшавӣ, берун аз озмун қабул карда мешаванд.
13. Дар сурати баробар будани балҳои озмунӣ, кормандони МКД ва шахсони дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматнамуда имтиёз пайдо мекунанд.
14. Қабул намудан ба таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони сардори Академия, дар асоси қарори Комиссияи мандатӣ, амалӣ гардонида мешавад.
15. Парвандаҳои шахсии таълимии довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд ё аз озмоишҳои дохилшавӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд ё ба он ҳозир нашудаанд, ба ихтиёри мақомоти коплектикунанда бозгардонида мешаванд.
16. Ба номзадоне, ки озмоишҳои дохилшавиро супоридаанд, вале аз озмун нагузаштаанд, бо хоҳишашон маълумотномаи намунаи муқарраргардида дар бораи натиҷаҳои супоридани озмоишҳои дохилшавӣ дода мешавад.
17. Машғулиятҳо дар Академия дар мӯҳлати муқаррарнамудаи нақшаҳои таълимии ихтисосҳо оғоз мегарданд. Шунавандагон ва курсантоне, ки ба машғулиятҳои таълимӣ дар ҳаҷми 36 соат бе сабабҳои узрнок ҳозир намешаванд, аз Академия хориҷ мегарданд.
18. Ҳуҷҷатҳои шахсии аслие, ки дар парвандаи таълимии номзад ба таҳсил мавҷуданд (аттестат, диплом, билети ҳарбӣ ва ғайра), ҳангоми қабул нашудан ё пас аз хатми Академия ба онҳо бозпас гардонида мешаванд.
19. Маблағи таҳсил дар Академия барои шунавандагон ва курсантоне, ки дар асоси шартнома дохил мешаванд, аз тарафи Шӯрои олимони Академия ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin