• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 200 000 сомонӣ
Ошкорёбии 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 200 000 сомонӣ

Ошкорёбии 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ бо зарари зиёда аз 200 000 сомонӣ

  Дуздишудани маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот ва телефони мобилию дигар ашёҳои қимматнок аз манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба ташвиш гузошта, оид ба ҳолатҳои мазкур ба кормандони милитсия муроҷиат намуда буданд.
  Маҳз коркарди роҳу усулҳои оперативӣ ба кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур сабаб гашт то парда аз рӯи ҷиноятҳои ноаён кушода шуда, нафарони гумонбар дастгир шаванд.

  Муайян гардид, ки дар содир намудани як қатор ҷинояти дуздӣ шаҳрвандон Ҳукуматов Фирдавс Нуриддинович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Наимов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1984 ва Қурбонов Кароматулло, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо маслиҳати пешакӣ бо таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ шабона манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро мавриди дуздӣ қарор додаанд.
  Зимни пурсиш ошкор гардид, ки дастгиршудагон манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро зери назорат ва ҳадафи худ қарор дода, дар набудани соҳибхона бо ҳар роҳу восита вориди манзилҳои истиқоматӣ шуда, маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки арзишмандро ба таври пинҳонӣ тасарруф кардаанд.

  Аз ҷумла, шаби 15-уми декабри соли 2018 ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Забиров Маҳмадшо, воқеъ дар кӯчаи Нурафзо гардида, аз он ҷо 20 ҳазор сомонӣ, 2 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва телефони мобиливу планшетро тасарруф намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 46-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Ҳамчунин номбурдагон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбонова Нарзӣ, воқеъ дар кӯчаи Фучик ғайриқонунӣ ворид шуда, аз он ҷо маблағи пулии 7150-сомониро ба яғмо бурдаанд.

  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 200-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз номбурдагон як миқдор маблағҳои дуздидашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Айни замон нисбати далелҳои мазкур бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin