Ҳалокати ду пиёдагард бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Ҳалокати ду пиёдагард бар асари садамаҳои нақлиётӣ

  17-уми июни соли 2018, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Лабо», Ли Дмитрий Александрович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои маркази савдои “Дилписанд”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Худойбердиев Маҳмаднабӣ, соли таваллудаш 1964-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Худойбердиев М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

  16-уми июни соли 2018, соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Қурбонов Холмурод Ҳамроевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаротегини пойтахт ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар кӯчаи Айнӣ аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол, Қурбонов Аҳмадҷон Диловарович, соли таваллудаш 2016, сокини кӯчаи Қаротегинро пахш кардааст. 
  Мутаассифона, пиёдагарди хурдсол, Қурбонов А.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
  Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin