• Home »
  • ХАБАР »
  • Лату кӯби ноболиғ ва расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Лату кӯби ноболиғ ва расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ

Лату кӯби ноболиғ ва расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 47-солаи сокини деҳаи Обчакорони ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми июни соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, шахсони номаълум писари ноболиғи 16-солааш, хонандаи синфи 9-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро лату кӯб карда, бо корди дар дасташон буда 5-маротиба ба узвҳои баданаш задаанд. 

  Дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ду рафиқаш содир намудаанд. 
  Ноболиғи гумонбар дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардида, барои дастгир намудани рафиқонаш чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin