• Home »
  • ХАБАР »
  • Ба таври шухиомез таҷлил намудани зодрӯз дар дохили мактаб
Ба таври шухиомез таҷлил намудани зодрӯз дар дохили мактаб

Ба таври шухиомез таҷлил намудани зодрӯз дар дохили мактаб

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия як гурӯҳ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №127 ноҳияи Фирдавсӣ ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон хонандагони синфи 10 буда, санаи 27 январи соли ҷорӣ, дар вақти танаффус, дар дохили синфхона ба таври шухиомез бо мақсади таҷлили зодрӯз бо истифода аз «скотч» даҳони ҳамсинфашон ноболиғ Амрохонзода Д.-ро маҳкам намуда, бо ҳамин васила гуё ӯро табрик кардаанд. Ҳамзамон, номбурдагон ин амали худро тавассути телефони мобилӣ ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ки боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати омӯзгори масъул ва волидайни 6-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin