• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш оид ба хабарҳои бардурӯғе, ки дар интернет паҳн гардиданд
Вокуниш оид ба хабарҳои бардурӯғе, ки дар интернет паҳн гардиданд

Вокуниш оид ба хабарҳои бардурӯғе, ки дар интернет паҳн гардиданд

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки овозаҳо оид ба рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки хабарҳои мазкур аз ҷониби шаҳрвандон Амонова Хатича Садриддиновна, санаи таваллудаш 15.02.1972 ва Боймадова Фарзона Боевна, санаи таваллудаш 07.04.1988, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дар саҳифаи “Ватсап”-и гурӯҳи хешовандонашон ва волидайни хонандагони муассисаи таълимӣ паҳн намудаанд. Минбаъд хабари мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуда, боиси хавотир гаштани шаҳрвандон ва ба вуҷуд омадани хабару овозаҳои беасос гардидааст. Бо назардошти ҳолати мазкур, нисбати номбурдагон, барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифода аз интернет тибқи талаботи моддаи 374 иловаи-1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд ва ба иттилои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такя намоянд.
  Зимнан ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки санаи 21-уми апрели соли ҷорӣ, аз назди партовгоҳи бинои истиқоматии кӯчаи Сино 41, ҷисми ноболиғи 13-сола-Ҳусайнов М.Ҷ. бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва санҷиши навори камераҳои назоратӣ муайян гардид, ки номбурда худро аз ошёнаи 16-уми бинои мазкур партофта, даст ба худкушӣ задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin