• Home »
  • ХАБАР »
  • Хабари паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асоси воқеӣ надорад!
Хабари паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асоси воқеӣ надорад!

Хабари паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асоси воқеӣ надорад!

  Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашр ёфтани аксҳои ҳайати як оила хабарҳое нашр гардид, ки гуё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Фаластин ҳамчун гуреза шуда омадаанд ва ба кумак эҳтиёҷ доранд.
  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.
  Шаҳрвандоне, ки дар расмҳои нашр гардида инъикос ёфтаанд, аъзои як оила буда, зодагони давлати шоҳигарии Урдун мебошанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия ба онҳо раҳнамоиҳои ҳуқуқӣ расонида шуд.
  Зимнан муайян карда шуд, ки онҳо ба меҳмонхона ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ таъмин буда, ба кӯмаки моддӣ эҳтиёҷ надоранд.
  Зимни суҳбат номбурдагон аз меҳмоннавозии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin