• Home »
  • ХАБАР »
  • Корбарии саривақтӣ: пешгирии муноқишаи гурӯҳии наврасон аз ҷониби кормандони милитсия
Корбарии саривақтӣ: пешгирии муноқишаи гурӯҳии наврасон аз ҷониби кормандони милитсия

Корбарии саривақтӣ: пешгирии муноқишаи гурӯҳии наврасон аз ҷониби кормандони милитсия

  Санаи 21-уми январи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки гуфта мешуд гурӯҳе аз наврасон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ин ҳодиса санаи 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, дар кӯчаи Маяковский рух додааст. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ 13-нафар ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки қаблан хонандагони МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони МТМУ №43 ва №54 ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд.
  Маҳз корбарии саривақтӣ аз ҷониби кормандони милитсия боиси он гашт, ки муноқишаи мазкур бо оқибатҳои фалокатовар пешгирӣ карда шавад.
  Вобаста ба ин нисбати волидайни 13 нафар ноболиғ-иштирокчиёни ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 90 Кодкси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin