Садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги пиёдагарди ноболиғ гардид

Садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги пиёдагарди ноболиғ гардид

  15-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», Ҷабборов Асадулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди кӯчаи Назаршоев аз тарафи кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи А.Дониши пойтахт, дар назди маркази савдои «Садбарг» фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба қисмати паҳлӯи тарафи росташ ба қисмати паҳлӯи тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», таҳти идораи ронанда Ҷамилов Ёқуб Файзиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
  Ҳамин тариқ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Спринтер» Ҷамилов Ё. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада бо қисмати пеши тарафи росташ ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бармехӯрад.
  Дар натиҷа, сутуни ҷароғаки роҳнамо шикаста ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Азимов Иброҳим Муҳаммадраҷабович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст.
  Мутаассифона, ноболиғ Азимов И.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, баъдан ба ҳалокат расидааст.
  Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin