Боздошти ронандаи ноболиғ, барои идораи воситаи нақлиёт бо суръати баланд

Боздошти ронандаи ноболиғ, барои идораи воситаи нақлиёт бо суръати баланд

  Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота» инъикос ёфтааст. Ин ҳолат боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораи дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 4000UC01 буда, таҳти идораи ноболиғ Зайниддини Ҷ. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштааст.
  Номбурда санаи 17-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе пурсиш воситаи нақлиёти падарашро гирифта, дар назди муассисаи таълимии Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бо суръати баланд идора намуда, ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни номбурда барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат, бо волидайни номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin