Ҳалокати ҷавони 28-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати ҷавони 28-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Санаи 21 сентябри соли 2023, тахминан соати 22:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд Файзулло Комёб, санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А.Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бархурдааст. Ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, шаҳрванд Ниёзов Некрӯз, соли таваллудаш 1995-ро пахш намудааст.
  Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи «Шифобахш» дастрас карда шуда, бистарӣ мегардад. Мутаассифона субҳи санаи 22-юми сентябр номбурда ба ҳалокат мерасад.
  Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin