Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми ноябри соли 2022, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 235 ҳазор сомонӣ барои гирифтани қарор дар бораи истифодаи замин дар шаҳри Ваҳдат гирифта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
  Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро барои фурӯш ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 19 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 11 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
  Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin