Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар биноҳои сохтмонӣ

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар биноҳои сохтмонӣ

  Сохтмону бунёди биноҳои баландошёна, ки дар асоси иқдомҳои созандагии ҳукумати кишвар анҷом дода шуда, дар ҷараёни он аз техникаҳои калонҳаҷми борбардор истифода мешаванд, дар баъзе маврид аз бесалоҳиятии масъулони биноҳои сохтмонӣ боиси монеагӣ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва нороҳатии шаҳрвандон мегардад. Гарчанде чунин ҳолатҳо дар баъзе маконҳои сохтмонӣ ба чашм расанд, ҳам вале камбудиҳои ҷойдошта дар баробари иқдомҳои созандагӣ камарзиш ба шумор мераванд.
  Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои кашонидани борҳои пошхуранда ва бе пардаҳои ҳимоявӣ, халал расонидан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои навсохтмон пайваста бо масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.
  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати видеоии як нафар шаҳрванд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, аз ҷониби кормандони милитсия санҷиш гузаронида шуда, муайян гардид, ки масъулони бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, зимни истифодабарӣ аз техникаҳои сохтмонӣ қисмати роҳи мошингарди асосиро банд карда, тамбашавии воситаҳои нақлиётро ба миён овардаанд.
  Вобаста ба ин кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ёфтани роҳҳои ҳалли он бо масъулини ширкати сохтмонии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
  Мақомоти милитсия аз кулли масъулони биноҳои сохтмонӣ хоҳиш ва талаб менамояд, ки талабот ва қоидаҳои сохтмониро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон нагарданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin