• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавони 27-сола барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқӣ
Боздошти ҷавони 27-сола барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқӣ

Боздошти ҷавони 27-сола барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқӣ

  Як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудааст, ки нисбати ҷавони дар расмҳо инъикос гардида, барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқиаш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ҳамзамон муроҷиати мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овард.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ва Прокуратураи ноҳияи Сино як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар як муддати кутоҳ ҷавони дар расмҳо инъикос гардида муайян ва дастгир карда шуд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Мусоев Тоҳир Қиматуллоевич, санаи таваллудаш 07.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ, тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.


  Зимни бозпурсӣ ва санҷишӣ наворҳои камераҳои назоратӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино, дар дохили бинои баландошёнаи истиқоматии кӯчаи Борбад, олоти мардии худро бароварда, амалҳои ғайриахлоқиро анҷом додааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ҷараён дошта, нобурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin