Аз тиреза баровардани пой: беэҳтиромии мусофири «таксӣ» нисбат ба ҷамъият

Аз тиреза баровардани пой: беэҳтиромии мусофири «таксӣ» нисбат ба ҷамъият

  Дар асоси муроҷиат ва расми ирсол намудаи як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Волсваген”, рақамҳои қайди давлатиаш 8251ТТ09, Салмонов Роҳатшо Амонович ва мусофири ӯ шаҳрванд Сабуров Қурбоналӣ Мавҷудович, санаи таваллудаш 19.07.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 26 августи соли ҷорӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Карамов, мусофири нақлиёти мазкур пойҳои худро аз оинаи автомашина ба берун бароварда, нисбат ба ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир намудааст, ки ин ҳолат дар расми ирсол намудаи шаҳрванд низ дида мешавад.


  Мутаассифона ронандаи мазкур шаҳрванд Салмонов Роҳатшо, ки дар ширкати ҶДММ «Талко-Персия» ҳамчун ронанда фаъолият мекунад, ба ин амалкарди мусофири худ эрод нагирифта, бо чунин тарз ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон бо шаҳрванд Сабуров Қурбоналӣ барои минбаъд такрор накардани чунин амалҳои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагону мусофирон хоҳиш ва талаб менамояд, ки зимни иштирок дар раванди ҳаракат дар роҳ пеш аз ҳама бо одобу маданияти баланди шаҳрвандӣ рафтор намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Ҳамзамон бо амалҳои ноҷои худ нисбат ба ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир нанамоянд. Зеро шаҳри Душанбе пойтахти кишвар ба шумор рафта, ҳамарӯза меҳмони зиёде ташриф меоваранд ва дар ҳолати мушоҳидаи чунин амалҳои номатлуб ба одобу маданияти ҳар як нафари мо баҳо хоҳанд дод.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin