Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи ноҳияи Ҷиликул муроҷиат намудааст, ки 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin