• Home »
  • ХАБАР »
  • Шинонидани гулҳои ороишӣ, дар доираи шанбегии дастаҷамъӣ
Шинонидани гулҳои ороишӣ, дар доираи шанбегии дастаҷамъӣ

Шинонидани гулҳои ороишӣ, дар доираи шанбегии дастаҷамъӣ

  Шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама ба ободу зебо гардидани шаҳр ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мусоидат мекунад. Воқеан солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст. Ин аст, ки имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслхо ба «Шаҳри сабз» ва «Шаҳри гулҳо» табдил ёфтааст.


  Дар доираи ин иқдом аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт низ ҳар ҳафта шанбегиҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шудааст. Дарахтони ҳамешасабзи атрофи бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нарм кара шуда, зиёда аз 3-ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
  Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin