Таҳқиқи навор: садамаи нақлиётӣ

Таҳқиқи навор: садамаи нақлиётӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, вобаста ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, ки дар он ҷавонзане оғушта дар хун дар байни роҳи мошингард инъикос ёфтааст, расман иттилоъ медиҳад, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
  Санаи 02.05.2023, тахминан соати 01:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Tайота Каролла», рақамҳои қайди давлатиаш 2328TT07, Маҳсединзода Амриддин Ботур, санаи таваллудаш 02.05.1995, сокини шаҳри Леваканд, ки тариқи шартнома дар ҶДММ “Ҷасур” ба ҳайси ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар рӯ ба рӯи бинон ҶДММ корхонаи нассоҷии “Тоҷик Текстил” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар пиёдагард-зани тахминан 25-30 соларо зада аз пой афтондааст. Дар натиҷа, ҷавонзани пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin