Ифтитоҳи утоқи кории Шӯрои собиқадорони милитсияи пойтахт

Ифтитоҳи утоқи кории Шӯрои собиқадорони милитсияи пойтахт

  Дар доираи татбиқи Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия, бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина тамоми бино ва утоқҳои кории кормандони милитсия пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, низ биноҳои маъмурӣ ва утоқҳои кории кормандони милитсия навсозӣ гардида, шароитҳои мусоиди корӣ таъмин ва ба талоботи муосир мутобиқ гардонида шудаанд.
  Дар доираи ин иқдом барои Шӯрои собиқадорони милитсияи пойтахт низ утоқи алоҳидаи корӣ созмон дода шуд, ки бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қайюм, собиқадорон ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ифтитоҳ гардида, ба истифода дода шуд.


  Чуноне таъкид гардид, собиқадорони милитсия мактаби бузургу мукаммали шуҷоату мардонагӣ, далериву ҷасурӣ ва донишу малакаи касбӣ ба шумор мераванд. Воқеан дар тӯли фаъолияташон баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Ин аст, ки бо мақсади омӯзиши мактаби мардонагӣ ва донишу малакаи касбии собиқадорон дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он Шӯрои собиқадорони милитсия таъсис ёфта, хизматҳои шоёни собиқадорон қадр карда мешаванд.


  Қобили зикр аст, ки Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ пайваста дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, дар баробари омӯзишу тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамзамон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб саҳми беандозаи хешро мегузоранд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin