• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ
Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 28-солаи сокини шаҳри Бохтар, ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” 2010 соли бароришаш оварда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
  Инчунин, номбурда моҳи декабри соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 80 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла” 2012 соли бароришаш оварда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
  Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 16-уми октябри соли 2023, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 153 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 2-ҳафта маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонида ӯро фиреб дода гаштааст.
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin