Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Ятимов Толибҷон Тавакалович, санаи таваллудаш 22.03.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат деҳаи Чиламазор дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки Ятимов Толибҷон, ки ҳамчун мусофир дар дохили воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ қарор дошт, бо зани муроҷиаткунанда, ки ӯ бо ронандаи воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ оид ба сар задани садамаи нақлиётӣ суҳбат дошт, муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ятимов Толибҷон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд.ф

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin