15-шабонарӯз: ҳабси қиморбози навбатӣ

15-шабонарӯз: ҳабси қиморбози навбатӣ

  Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои қиморбозӣ, ба истилоҳи мардумӣ «Алик-малик» аз ҷониби кормандони милитсия пайваста дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, ҳамаи он нафароне, ки қаблан ҳамчун қиморбоз дастгир ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст, ҷиҳати минбаъд ба ин амали мардумфиребона машғул нагардидан расман огоҳонида шудаанд.
  Мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки маҳз бо роҳи қиморбозӣ ба даст овардани маблағро пешаи худ намуда, такрор ба такрор ба қиморбозӣ машғул мешаванд, ки ин ҷурми онҳоро дар назди қонун вазнинтар мегардонад.
  Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Олимов Зафар Файзович, санаи таваллудаш 02.11.1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд, ки қаблан чандин маротиба дастгир ва расман огоҳонида шуда буд.


  Номбурда бо мақсади бо роҳи осон ва фиреби мардум ба даст овардани маблағ асосан дар маконҳои ҷамъияӣ ба қиморбозӣ машғул мегардад. Ин навбат низ ҳангоми ба чунин амали мардумфиребӣ машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
  Вобаста ба ин, нисбати Олимов Зафар барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
  Бояд гуфт, ки шаҳрвандонро низ мебояд ҳушёриро аз даст надода, ба доми макру фиреби чунин тоифа наафтанд. Бо ин мақсад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мақсади пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб бетарафиро ихтиёр накарда, ҳангоми мушоҳидаи чунин ҳолатҳо онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати баррасӣ тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ирсол намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin