• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқоти кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №107
Мулоқоти кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №107

Мулоқоти кормандони милитсия бо хонандагони муассисаи таълимии №107

  Бо мақсади пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ғояҳои ватандорӣ тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе силсила вохӯрӣ ва мулоқоти судманд бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва макотиби олии ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст. Дар доираи ин иқдом мулоқоти навбатии кормандони милитсия ва маориф бо хонандагони МТМУ №107 ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.


  Зимни вохӯрӣ, сардори Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа оид ба сатҳи қонуншиканӣ дар байни наврасону ҷавонон бо зикри факту далелҳои мушаххас суханронӣ намуд. Тибқи иттилои номбурда, гарчанде дар натиҷаи чораандешиҳои ҳамешагии мақомоти милитсия сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард дар байни ноболиғону ҷавонон сол то сол коҳиш ёфта истода бошад, ҳам вале ҳанӯз ин қаноатмандкунанда набуда, баъзан наврасоне ҳастанд, ки вақти пурқиммати худро ба амалу кирдорҳои номатлуб ва беҳудагардӣ сарф мекунанд, ки дар бештари маврид оқибаб ба ҷинояткорӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи наврасон ҳамаи қишрҳои чомеа, махсусан волидайну омӯзгор масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.


  Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқоти мазкур қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъудияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
  Дар қисмати дигари мулоқот муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Худоёров Фарҳод низ суханронӣ намуда, ироз намуд, ки бо мақсади ба таълими бо сифат фаро гирифтани наврасон аз ҷониби ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат ҷавонону наврасонро мебояд вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд. Зеро, ояндаи давлату миллат аз ҷавонон вобастагӣ дошта, танҳо он нафаре метавонад дар пешрафту тараққиёт

и ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад, ки дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва илму дониши замонавӣ бошад.
  Дар қисмати охири мулоқот миёни хонандагону дигар иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифт.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin