• Home »
  • ХАБАР »
  • Ифшо гардидани кирдори қаллобии алоқаманд ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт
Ифшо гардидани кирдори қаллобии алоқаманд ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт

Ифшо гардидани кирдори қаллобии алоқаманд ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе, марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаҳои тамғаи «Тайота-Каролла» ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, «Хундай Саната» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, «Мерседес Бенс» ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ва автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-200»-ро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ, дар умум ҳамаи инҳоро ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ гирифта, 160 ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимондаашро ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin