• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавони 33-сола барои қасдан шикастани тирезаҳои мағозаи фурӯши мебел
Боздошти ҷавони 33-сола барои қасдан шикастани тирезаҳои мағозаи фурӯши мебел

Боздошти ҷавони 33-сола барои қасдан шикастани тирезаҳои мағозаи фурӯши мебел

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуд, ки шаби 14-уми апрели соли ҷорӣ, шабона шахси номаълум шишаҳои тирезаи мағозаи фуруши мебел, ки дар кӯчаи М.Маҳмадалӣ вокеъ мебошад зада шикастааст.
  Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани қасдан несту нобуд кардани молу мулк шаҳрванд Носиров Саидакрам Иброҳимович, санаи таваллудаш 09.07.1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Меҳнатобод дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда аз рӯйи хусумату бадбинӣ ва бо мақсади тарс додану шухӣ кардан, дар рӯй ниқоб ва либосҳои сиёҳро пушида, шабона ба мағозаи фуруши мебели рафиқаш рафтааст. Номбурда як чанд тирезаро шикаста, ҳамчунин бо ин амалу рафтораш оромии шаҳрвандонро низ халалдор сохтааст.
  Айни замон, шаҳрванд Носиров Саидакрам Иброҳимович ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin