• Home »
  • ХАБАР »
  • 5 шабонарӯз: ҳабси маъмурӣ барои лату куб ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани собиқ ҳамсар
5 шабонарӯз: ҳабси маъмурӣ барои лату куб ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани собиқ ҳамсар

5 шабонарӯз: ҳабси маъмурӣ барои лату куб ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани собиқ ҳамсар

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, шаҳрванд Дадабоев Наимҷон Алиевич (айни замон Ҳамдамзода Юсуф) санаи таваллудаш 31.05.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Роҳи нав барои лату куби собиқ ҳамсар ва маҷбуран ба нақлиёт савор намудани ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ номбурда санаи 24-уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
  Зимни пурсиш дастгиршуда Ҳамдамзода Юсуф кирдорҳои авбошонаи содир намудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҳамдамзода Юсуф тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin