Ифшо гардидани дуздӣ дар хатсайри №15

Ифшо гардидани дуздӣ дар хатсайри №15

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми марти соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили мусофирбари хатсайри №15 қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби шимаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-9» ва 300 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
  Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin