Боздошти ронандаи «Тайота Кемрӣ»

Боздошти ронандаи «Тайота Кемрӣ»

  Дар асоси навори дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 4000UU01, Норсафарзода Зоир боздошт гардид.
  Чуноне аз навори нашргардида дида мешавад, номбурда ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, воситаи нақлиёти худро ба муқобили самт идора намуда, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Норсафарзода Зоир тибқи талаботи моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin