• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои занони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои занони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои занони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Зуҳурзода Зарина, Раиси Асотсиатсияи шӯрои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Азиза Давлатшоева ва ҳамаи корманд-занони мақомоти милитсияи пойтахт итирок ва суханронӣ намуданд.


  Чуноне зимни баргузории ҷаласаи мазкур иброз гардид, нақши занон дар пешрафту тараққиёти тамоми самтҳои давлатдорӣ, махсусан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи суботу оромӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бо афзун намудани шумораи корманд-занон дар тамоми сохторҳои давлатдорӣ, аз ҷумла дар мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намудаанд.
  Аз ҷумла, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ 94-нафар занону бонувон дар вазифаҳои гуногуну роҳбарикунанда содиқонаву софдилона кору фаъолият намуда истодаанд, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсия дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ қадршиносӣ карда мешаванд.


  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
  Мо, ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
  Дар ҳақиқат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.


  Зимни баргузории ҷаласаи мазкур подполковники милитсия Баҳридинзода Муниза ба ҳайси раиси Шӯрои занони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интихоб карда шуд. Номбурда зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар оянда низ занону бонувон бо ҳузури хеш дар сафи мақомоти милитсия ва фаъолияти шабонарӯзиву хастанопазир дар баробари таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон, ҳамзамон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду мутараққӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.


  Дар қисмати дигари ҷаласаи мазкур ду нафар корманд-занони собиқадор, ки солҳои тулонӣ дар сафи мақомоти милитсия кору фаъолият намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуданд, ки минбаъд ба ҳайси собиқадор ба кормандони ҷавон таҷрибаи хешро меомӯзонанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin