• Home »
  • Баромадҳо »
  • Шарҳи Паём: мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Шарҳи Паём: мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Шарҳи Паём: мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро сохтору мақомотҳои давлатиро вазифадор сохтаанд, то ки вохурӣ ва суҳбатҳои озоду ошкоро бо тамоми қишрҳои ҷомеаро ташкил намоянд. Бо ин мақсад, вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, бо ҳайати донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳи мазкур Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ва наздики 500 нафар донишҷӯёну устодон ширкат намуданд.


  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов суханронӣ намуда, аз ҳамкории мутақобилаи маъумурият ва муҳассилини донишгоҳ бо мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҳамзамон нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим, назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, номбурда аз фаъолияти таълимии ин боргоҳи илм ҳарф зада, мавқеи ин муассисаи олии кишварро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва кадрҳои соҳибтахассуси дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии соҳаи тандурустӣ нек арзёбӣ намуд.


  Мавсуф таъкид дошт, ки мутаассифона новобатса аз таъмин гардидани шароитҳои хуби таълимӣ, баъзе аз ҷавононе ҳастанд, ки вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдорҳои номатлуб намуда, номи худ ва волидайни хешро доғдор месозанд. Сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо овардани факту далелҳои мушаххас аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва амалу кирдорҳои ғайриқонуниву зиддиҷамъиятии бархе аз ҷавонон, донишҷӯёнро пеш аз ҳама ба истифодаи самараноки вақт ва андухтани илму донишҳои замонавӣ даъват намуда, таъкид намуд, ки баҳри ҳифзу дар амон нигоҳ доштани сулҳу субот ва саҳм гуштан дар пешрафти кишвар, пайваста дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кори худ қарор диҳанд.


  Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқоти мазкур як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротгаро, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон мусоидаткунанда ва риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


  Дар вохӯрӣ ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳабарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба иброз намуд.
  Дар қисмати дигари мулоқот, як қатор донишҷӯён низ суханронӣ намуда, ҳамзамон ба саволҳои худ ҷавобҳои муфид гирифтанд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin