• Home »
  • Баромадҳо »
  • Сафарбарии курсантони Академия ба таҷрибаомӯзӣ дар сохторҳои милитсияи пойтахт
Сафарбарии курсантони Академия ба таҷрибаомӯзӣ дар сохторҳои милитсияи пойтахт

Сафарбарии курсантони Академия ба таҷрибаомӯзӣ дар сохторҳои милитсияи пойтахт

  Дар бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқот ва дастурдиҳии роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба сохторҳои милитсияи пойтахт сафарбар гардидаанд, баргузор гардид.


  Зимни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе донишомӯзони ҷавонро дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқатмандӣ ба касби хеш даъват намудаанд.
  Чуноне таъкид гардид, дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, таҷрибаомӯзии таълимии курсантони курсҳои панҷум ва дуюми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумхурии Точикистон аз 30 январ то 22 апрели соли 2023 дар сохторҳои милитсияи шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида мешавад.


  Дар ин замина таъкид гардид, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият буда, барои ҳар як нафар корманди милитсия ифтихори бузург аст, ки ин масъулият ба дӯши онҳо вогузор гардидааст. Вобаста ба ин аз ҳар як нафар донишомӯзони ҷавон масъулият ва сатҳи баланди иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда шуд. Ҳамзамон тақозо гардид, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ба омӯзиш ва такмили илму дониш машғул шаванд, зеро ояндаи дурахшони давлату миллат пеш аз ҳама аз ҷавонони мутахассису донишманд вобастагии калон дорад.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin