• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём
Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём

Мулоқоти судманд бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар ҳошияи Паём

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ суҳбату мулоқоти судманд ва вохурии озоду ошкорои кормандони милитсия бо донишҷӯён, устодону маъмурияти донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, чунин мулоқоти судманд дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид.
  Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ширкат намуданд.


  Зимни суханронии ифтитоҳӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов таъкид намуд, ки саҳми донишгоҳи мазкур дар тарбияи кадрҳои баландихтисосу ватандӯст воқеан шоистаи таҳсин аст. Талошу заҳматҳои пайгиронаи устодони ин боргоҳи илму дониш аст, ки имрӯзҳо хатмкардагони он дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, баҳри пешрафту тараққиёти кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
  Тавре номбурда иброз дошт имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии ҷавонон, эҳё намудани арзишҳои миллию фарҳангӣ, пос доштани хотираи таърихиву ниёгони тамаддунофари миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва дар ин замина дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон як қатор барномаҳои мушаххас қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну тамоми миллати тоҷик гарданд.


  Дар ҷараёни мулоқот, генерал-Ҳамидзода Бароталӣ ҳамзамон доир ба як қатор падидаҳои номатлуб ва халалдоркунандаи тартибот, пайравӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, рафтору гуфтори ношоиста, содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард, бо автомашинаҳои шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир гардидани донишҷӯён ва даҳҳо падидаҳои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ бо овардани факту далелҳои мушаххас маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, таъкид дошт, ки барои пешгирии чунин омилҳои номатлуб ҳар як нафар бояд саҳмгузор бошад. Мавсуф ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот низ ибрози андеша намуд. Ба таъкиди номбурда, ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату ҳамдилӣ аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. Зеро танҳо дар ҳамбастагӣ ва иттифоқ метавон ба ҳадафҳои созанда ноил гашт.


  Дар идомаи мулоқот ректори донишгоҳи мазкур профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки воқеан заҳмату талошҳои шабонарӯзии мардони шуҷоъу далери меҳан аст, ки имрӯз фазои сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию амонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз буда, сол то сол Ватани азизамон-Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҷавобан ба ҳамаи ин дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар, донишҷӯёнро мебояд, бо мақсади омӯзиш ва аз худ намудани илмҳои муосир пайваста талош намоянд. Номбурда бо итминони комил қайд кард, ки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз раҳнамоиҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода намуда, ҷиҳати пешрафту тараққиёти кишвар ва таъмини сулҳу субот қарзи шаҳрвандии хешро адо мекунанд.


  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур байни иштирокдорон ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқот ва суҳбатҳои озоду ошкоро ҷиҳати тарбияи маърифати ҳуқуқиву ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии донишҷӯён манфиатовар арзёбӣ мегардад.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin