Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: танзим баракати зиндагӣ

Маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ»: танзим баракати зиндагӣ

  Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста шаҳрвандонро ба сарфакорӣ раҳнамоӣ сохта, таъкид намудаанд, ки «Агар шаҳрвандон даромади худро сарфакарона хароҷот накунанд, ягон иқтисоди пурқувват, низоми истеҳсолии нерӯманд ва сарвати зиёди табиӣ ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда наметавонад. Бузургон дуруст гуфтанд, ки дар назди исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда кони тилло ҳам бақо надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба фарзандон ва пайвандони худ тарзи дуруст ва солими зиндагиро омузонем. Мо бояд донем, ки ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила саррчашма мегирдад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст.»


  Қобили зикр аст, ки маҳфили навбатии «Маърифати Ватандӯстӣ» ба мавзӯи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуда, дар он Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Норасов Абдуалим Аҳтамович, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Норасов Абдуалим зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо гузашти 15-сол аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, имрӯзҳо самара ва манфиати он комилан мушоҳида мегардад. Шаҳрвандон хуб дарк намудаанд, ки исроф бадтарин амали инсонӣ буда, боиси касодӣ мегардад. Қонуни мазкур шаҳрвандонро ба сариштакорию танзим раҳнамоӣ месозад, ки бешубҳа дур шудан аз исроф баракатро дар рӯзгори инсон афзун мегардонад.
  Номбурда ҳамзамон доир ба як қатор масъалаҳои дигар аз қабили ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, даст кашидан аз ҳама гуна хурофоту исрофкорӣ, дӯстиву рафоқат, ватандӯстиву ҷонфидоиҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик ва татбиқи қонуни мазкур суханронӣ намуд.


  Муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич низ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аслан мақсад аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз ҳама камхарҷ доир намудани маъракаҳо, роҳ надодан ба хароҷоти беҳудаву исрофкорӣ ва ба як низоми муайян даровардани расму оинҳои миллӣ дар асоси фарҳанги маъракаороии ниёгон мебошад, ки аллакай таъсири созгори худро гузошта, фарҳанги сарфаҷӯиро дар ҷомеа роиҷ намудааст. Ҳамзамон қабулу татбиқи қонуни мазкур боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, поксозии афкори мардум аз хурофот, беҳбудии зиндагии иҷтимоии аҳолӣ ва тақвияти суботу амнияти Точикистон гардидааст.


  Инчунин таъкид гардид, ки айни замон дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои самарабахши қонуни мазкур коммисияҳои салоҳиятдор ташкил карда шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва рейду корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста ба роҳ мондаанд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin